Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд

Декабрь 29, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сокинон гӯшт, макарон, орд, равған, шакар, меваю сабзавот, полезиҳо, нон ва маҳсулоти ширию гӯштӣ, инчунин обу афшураҳо пешниҳод гардиданд. Ин тадбир ба беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти босифату дастрас ва ғанӣ гардонидани дастархони мардум равона карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд 709 678,5 тонна сабзавот ва 269 906,5 ҳазор тонна мевагӣ истеҳсол гардидааст. Дар вилоят суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 106,3 фоиз ва мевагиҳо 117,2 фоиз зиёд аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 29, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид