Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд

Декабрь 18, 2025 12:00

ҲИСОР, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр дар шаҳри Ҳисор ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароити ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда мавриди баррасӣ   қарор гирифта,  матни пурраи пешниҳоди прокуратура баён гардид. Аҳли нишаст бо натиҷаҳои санҷиши гузаронидаи Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералӣ дар шаҳри Ҳисор шинос карда шуд.

Тавре  ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд, дар ҷаласа таъкид гардид, ки  бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта комиссияи дахлдор таъсис ёфтааст. Таъкид шуд, ки камбудию қонунвайронкуниҳо бояд бо риояи талаботи қонунҳои амалкунанда дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф гарданд. Ҳамзамон барои минбаъд роҳ надодан ба қонуншиканиҳо  бояд чораҳои таъсирбахш дида шаванд.

Барои ислоҳи камбудиҳо дар муҳлати муайян ва ҳалли масъалаҳои дар пешниҳоди прокуратура баёншуда масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раиси комиссияи бартарафкунии иншооти ғайриқонунии назди мақомоти шаҳр, сармутахассиси ҳуқуқшинос, роҳбарони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, бахши меъморию шаҳрсозӣ, шуъбаи Агентии омор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул вазифадор карда шуданд.

Ҳамзамон нисбат ба шахсоне, ки ба камбудиҳо роҳ додаанд, тадбирҳои қатъии интизомӣ андешида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Декабрь 18, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад