Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ таъмиру навсозӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ таъмиру навсозӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, соли 2025 дар баробари иҷрои дигар тадбирҳои муҳими созандагӣ раванди мумфарш намудани роҳҳои мошингард дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят вусъат ёфт.
Аз ҷониби аҳолӣ ва шахсони саховатпеша беш аз 750 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ пурра мумфарш карда шуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 100 километр зиёд аст.
Дар мумфаршкунии роҳҳо соҳибкорон ва аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Ашт, Спитамен, Панҷакент, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешсафанд.
Ин тадбири муҳим дар вилоят асосан аз ҷониби нафароне амалӣ гардид, ки қаблан нияти сафари ҳаҷ доштанд. Аммо бо дарки он, ки саҳмгузорӣ дар ободонии диёр савоби бештар дорад, садҳо нафар соконони худогоҳу хештаншинос ба хотири беҳдошти рӯзгори мардум корҳои созандагию бунёдкориро амалӣ менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






