Дар Тоҷикистон «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда мешавад
ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки барои амалисозии иқдоми созанда дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ва дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии мамлакат лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо ин мақсад гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» пас аз таҳия барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор равон карда мешавад.
Иброз гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Хадамоти алоқа такмилу таҷдиди инфрасохтор ва пешниҳоди хизматрасониҳои дорои сатҳу сифати баланд таҳти назорат қарор дода шуд. Барои қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи муштариён ва мутобиқсозии соҳа ба стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида мешаванд.
16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имконияти зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.
Дар ин замина дар Хадамоти алоқа ва зерсохторҳои он гардиши ҳуҷҷатгузории электронӣ бо имзои электронии рақамӣ ба роҳ монда шуд, ки ба коҳиш додани хароҷот, суръат бахшидан ба равандҳои идора, сатҳи назорат, масъулият ва шаффофият мусоидат мекунад.
Иттилоъ дода шуд, ки рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин пардохти ҳама намуди хизматрасониҳо дар Хадамоти алоқа ба таври рақамӣ гузаронида шуда, автоматикунонии корҳо дар ин самт идома дорад.
Аз ҷумла, вобаста ба истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ дар равандҳои идоракунӣ, бахши хизматрасонӣ ва истеҳсолот, ҳамчунин афзоиши ҳаҷми иттилоот ва ба роҳ мондани шабакаи алоқаи мобилии насли 5G низ корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Дар шаҳри Душанбе 70 адад, дар Хуҷанд 3 адад ва дар Бохтар 2 истгоҳи базавии насли 5G насб ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки то охири сол шумораашон ба 86 адад мерасад.
Дар ин раванд тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахию нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ аз ҷониби Хадамоти алоқа барои гузариши пурраи интернети мобилӣ ба наслҳои 4G ва 5G аз рӯйи минтақа, инчунин то 80 фоиз таъмини дастрасии аҳолӣ ба интернети собит давоми се соли оянда ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи талаботи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» рақамикунонии соҳа яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, тамоми сохторҳои Хадамоти алоқаро фаро мегирад. Дар ин замина барои баланд бардоштани фарҳанги зеҳни сунъӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби операторон ва провайдерони хизматрасони соҳаи алоқаи барқӣ корҳо оид ба истифода ва муаррифии имконияти он амалӣ мегарданд.
Гуфта шуд, ки барои таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот аз тарафи ширкатҳои соҳаи алоқа барномаҳои махсус насб гардида, мониторингу таҳлилҳо минбаъд тавассути имконияти мавҷудаи техникию технологӣ гузаронида мешаванд.
Масъулини Хадамоти алоқаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки хадамот Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун роҳнамои асосии сиёсати давлатӣ дар самти рушди соҳаи алоқа ва коммуникатсия дониста, дар татбиқи ҳадафҳои он аз ҳама сарчашмаю захираҳо истифода менамояд. Инчунин барои ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас ва бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ беш аз пеш талош хоҳад кард.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Бизнес-форуми Бонки Авруосиёии рушд афзалиятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор менамояд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-и «Чин — Авруосиё» гӯшаи Тоҷикистон ташкил карда шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Вена оид ба таъсиси низоми «Равзанаи ягона» барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санади грантӣ ба имзо расид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кӯшиши ворид намудани рақами қалбакии давлатии воситаи нақлиёт ошкор гардид
Намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Корея бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шинос шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Раёсати Шурои соҳибкории СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Форуми сармоягузории СҲШ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дар муколамаи панелии Форуми OPEC дар Вена муаррифӣ шуд






