«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун бахши таркибии мероси фарҳангии халқи тоҷик дар таърихи давлатдории миллӣ ва худшиносии ҷомеа мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Дар ҳифз, рушди устувор ва такмили суннатҳои деринаи ҳунарҳои халқӣ занони ҳунарманд нақши калидӣ доранд. Дар ҳамин замина фаъолияти пурсамари ҳунарманд Аспармо Мавлоназарова шоистаи таваҷҷуҳи хосса мебошад.
Аспармо Мавлоназарова ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар муҳити ҳунармандӣ ба воя расида, ҳунарҳои рӯймолбофӣ, ҷӯроббофӣ, тоқибофӣ ва муҳрабофиро аз модараш омӯхтааст. Ба андешаи ӯ, пайравӣ ба суннатҳои ниёгон ва риояи расму оинҳои қадимӣ дар устувории ҳунар нақши муҳим дорад.
«Ҳангоме ки аз модарам ин касбро меомӯхтам, модарам ба ман гуфт, ки аввалин ҷӯроби бофтаатро ба дарё парто, то ҳунарат дуру дароз давом кунад. Ман низ гуфтаи модарамро ба ҷо овардам ва аввалин ҷӯроби бофтаамро ба дарёи назди хонаамон партофтам. Орзу кардам, ки бигузор ҳунари ман дар оянда равнақ ёбад», – ба ёд меорад ҳунарманд.
Ба назари ин ҳунарманд, дар оғози кор ӯ танҳо барои аҳли хонаводаашон ҷӯробу тоқӣ, болопӯш ва рӯймолҳо мебофт. Аспармо Мавлоназарова пас аз вафоти духтараш Назира, ки мехост ин ҳунарро ёд гирифта, ба дигарон, махсусан ба духтарони имконияташон маҳдуд омӯзонад, ҳунарашро бештар равнақ дод.
«Бо мақсади амалӣ намудани орзуи духтарам соли 2003 Ташкилоти ҷамъиятии «Назира»-ро таъсис додам. Дар ин ташкилот ба духтарону занони бешуғл, хоҳишманд ва имконияташон маҳдуд ин ҳунарро меомӯзонам. Метавон гуфт, ки ташкилоти мо то имрӯз дар эҳёи суннатҳои мардумӣ ва такмили донишҳои ҳунаромӯзии занон саҳми муносиб дорад», – мегӯяд ҳунарманд.
Ба иттилои ин зани ҳунарманд, маҳсули дасти ӯ ва шогирдонаш тақрибан дар 20 мамлакати ҷаҳон ба намоиш гузошта шудааст.
Фаъолияти эҷодӣ ва ҳунармандии Аспармо Мавлоназарова дар дохил ва хориҷи мамлакат борҳо қадршиносӣ гардидааст. Соли 2009 дар мамлакат бо ҷоизаи «Бонуи сол» қадрдонӣ шуда, дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сазовори Шоҳҷоизаи ЮНЕСКО ва дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар бахши соҳибкорӣ соҳиби Дипломи ҷашнвораи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ҷоизаҳо гардид.
Инчунин соли 2012 ҳунари тоқибофии ӯ бо нишони «Сифат»-и ЮНЕСКО сарфароз гардид. Бояд гуфт, ки тоқиҳои бадахшонии бофтаи ин ҳунарманд аз се ранг иборат буда, дорои нақши хоси ориёӣ мебошанд.
Аспармо Мавлоназарова соли 2020 дар Ассамблеяи генералии Шурои байналмилалӣ бо ҷӯробҳои бофтааш ғолиби намоишгоҳи виртуалии «Беҳтарин армуғони ҳунармандии омодашуда дар давраи пандемия» гардид.
Ҳамсуҳбати мо изҳор медорад, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории давлат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ҳунармандонро ба беҳтар муаррифӣ кардани арзишҳои миллӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ташвиқ менамояд.
Бояд гуфт, ки Аспармо Мавлоназарова соли 2023 бо мақсади густариши фаъолияти ҳунаромӯзӣ, ҷалби шогирдони нав ва таҳкими маркази «Назира» соҳиби гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ гардид.
«Маблағи дастраснамудаи гранти президентиро барои таҳкими фаъолияти ташкилот, харидани таҷҳизоти зарурӣ ва ташкили омӯзишҳои иловагӣ сарф намудем»,-мегӯяд ҳунарманд.
Аспармо Мавлоназарова имрӯз дар ҷумхурӣ на танҳо ҳамчун ҳунарманди соҳибтаҷриба, балки чун тарғибгари фарҳанг ва муаррифи арзишҳои миллӣ шинохта шудааст. Фаъолияти ӯ дар самти ҳифзу густариши ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ намунаи ибрат барои наслҳои имрӯзу фардо мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд






