ДАРАХТ БИНШОН! Дар талу теппаҳои канори шоҳроҳи Душанбе-Рӯдакӣ-Ваҳдат садҳо бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд
РӮДАКӢ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии роҳу шоҳроҳҳои мамлакат дар талу теппаҳои канори шоҳроҳи Душанбе-Рӯдакӣ-Ваҳдат маъракаи васеи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ садҳо бех ниҳоли арча шинонида шуда, масъулин барои нигоҳубини минбаъдаи онҳо вазифадор карда шуданд. Ниҳолҳо мутобиқ ба шароити иқлими минтақа интихоб гардида, барои сабзиши устувори онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, соли 2025 дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 22 ҳазор бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд. Дар асоси “Барномаи кишвари сабз барои солҳои 2023-2027” дар ноҳияи Рӯдакӣ садҳо ҳазор бех дарахту буттаҳо шинонида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд






