ДАРАХТ БИНШОН! Дар талу теппаҳои канори шоҳроҳи Душанбе-Рӯдакӣ-Ваҳдат садҳо бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд

Декабрь 22, 2025 09:14

РӮДАКӢ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии роҳу шоҳроҳҳои мамлакат дар талу теппаҳои канори шоҳроҳи Душанбе-Рӯдакӣ-Ваҳдат маъракаи васеи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ садҳо бех ниҳоли арча шинонида шуда, масъулин барои нигоҳубини минбаъдаи онҳо вазифадор карда шуданд. Ниҳолҳо мутобиқ ба шароити иқлими минтақа интихоб гардида, барои сабзиши устувори онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, соли 2025 дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 22 ҳазор бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд. Дар асоси  “Барномаи кишвари сабз барои солҳои 2023-2027” дар ноҳияи Рӯдакӣ  садҳо ҳазор бех дарахту буттаҳо шинонида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Декабрь 22, 2025 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд