Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол гардид
ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қисмати ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Дастаи «Рахш»-и ноҳияи Восеъ дар бозии ниҳоӣ тими «Шоҳмансур»-и Душанберо мағлуб намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вақти асосии рақобати финалӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Баъдан «Рахш» дар силсилаи пеналти бо ҳисоби 8:7 пирӯз шуд. Ҳамин тариқ, дастаи ноҳияи Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюм дар мавсими 2025 шуд.
Барои ҷойи сеюми мусобиқа дастаи «Ҷиликӯл» бо боварӣ тими «Гулистон»-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Пас аз натиҷаи марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои Лигаи дуюм «Рахш» (Восеъ), «Шоҳмансур» (Душанбе) ва «Ҷиликӯл» (Дӯстӣ) ба раванди иҷозатномадиҳии Лигаи якум дохил карда мешаванд. Пас аз анҷоми муваффақонаи тартиби ҳатмӣ онҳо ҳаққи иштирок дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якумро дар мавсими 2026 пайдо мекунанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад






