Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор дар Камбоҷа 51 медал ба даст овард

Декабрь 14, 2025 21:10

ДУШАНБЕ, 14.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи Тоҷикистон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа дар Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMС–2025), ки маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандсозии ғолибони 14 декабр  баргузор гардид, 51 медал ба даст овард. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ин шумора 14 медали тилло, 17 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ мебошад. Инчунин 5 нафар намояндаи навраси Тоҷикистон бо гирифтани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтаринҳо шомил гардида, маҳорати баланди илмӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагии ҷиддии худро собит намуданд. Ин дастовард далели равшани рушди маориф, дастгирии истеъдодҳо ва самаранокии сиёсати давлатии соҳаи илму маориф дар кишвар мебошад.

Дар ин олимпиада беш аз 1600 хонанда аз 13 кишвари Осиё иштирок намуда, сатҳи баланди донишу маҳорати зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазир — Вазири маориф, ҷавонон ва варзиши Шоҳигарии Камбоҷа доктор Хан Чуан Нарон аз сатҳи баланди омодагии иштирокдорон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Олимпиадаи Ангкор заминаи муҳими рушди тафаккури илмӣ ва рақобати солим дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Ғафорзода иштирок намуда, дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба наврасону ҷавонони болаёқат таъкид намуд.

Дастоварди навбатии дастаи Тоҷикистон дар олимпиадаи AMС–2025 бозгӯи он аст, ки наврасони кишвар қодиранд дар майдонҳои байналмилалӣ бо хонандагони кишварҳои пешрафта рақобати шоиста намоянд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 14, 2025 21:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд