Доир ба нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» хабар доданд.
Зимни ҳамоиш директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» Зафари Шариф иброз намуд, ки ба масъалаи китобу китобхонӣ Сарвари давлат пайваста таваҷҷуҳ намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас низ роҳандозӣ менамоянд.
Тавре дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеию бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд.
Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.
«Шоистаи таҳсин аст, ки ҳар иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, сабаби болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавони имрӯза ва аҳли ҷомеа мегардад»,- иброз намуд директори Хонаи китоб.
АКС: Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон»








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






