Иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷараёни иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Доир ба ҷараёни татбиқи ин санад муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода бо рӯнамо баромад намуд.
Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳо оид ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, ки аз натиҷааш ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳисобот пешниҳод мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳуҷҷати расмии давлатии Тоҷикистон буда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019 қабул карда шудааст. Ҳадафи он коҳиш додани осебпазирии мамлакат ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар соҳаҳои афзалиятнок ба монанди энергетика, обтаъминкунӣ ва кишоварзӣ мебошад. Ин стратегия бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ва Стратегияи миллии об (то соли 2040) ҳамоҳанг буда, тадбирҳоро барои истифодаи самарабахши захираҳои об ва рушди иқтисодиёти «сабз» пешбинӣ мекунад.
Тоҷикистон, сарфи назар аз сатҳи пасти партови гази карбон яке аз кишварҳои осебпазир дар минтақа аст, зеро аз таъсири тағйирёбии иқлим бештар зарар мебинад. Стратегия ба рушди устувор, таъмини амнияти об ва энергетика, инчунин коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуда, бо Ҳадафҳои Рушди Устувор (HRU) пайваст аст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






