IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст

Декабрь 22, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маҳдудияте, ки  қаблан дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок барои ҳаракати автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳо бо мақсади эҷод накардани монеа ба гузариши дигар намуди воситаҳои нақлиёт ҷорӣ гардида буд, аз байн бардошта шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин аст.

Роҳбарияти ширкат ба маълумоти ронандагон мерасонад, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан бояд пайваста дар мадди назарашон бошад.

АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 22, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад