Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ёздаҳ моҳи соли равон корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 356 миллиону 718 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.
Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ дар шакли асл 658,7 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 36 тонна орд, 129,3 тонна равғани растанӣ, 9 ҳазору 489,6 тонна нахи пахта ва 93 ҳазору 250 тонна семент истеҳсол намуданд.
Ҳамзамон давоми ёздаҳ моҳ гардиши савдои чакана дар ноҳия ба 394,3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 22 миллион сомонӣ афзуда, 102,8 фоизро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






