Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Австрия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастҷамъона тамошо намуданд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати тақвияти саъю талошҳои муштаракро барои пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ сиёсати хориҷии худро ба ҳадафҳои созанда равона месозад.
Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакат минбаъд низ тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаро бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» идома медиҳад.
Ҳамзамон барои рушд ва таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, ба густариши ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда мешавад.
«Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун дар оянда низ саъю талош хоҳад намуд»,- таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






