Кумаки молиявии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба модари Қобилҷон Алиев
ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабри соли 2025 бо иқдоми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба сокини ноҳияи Шаҳринав Нилуфар Сафоева — модари Қобилҷон Алиев кумаки молиявӣ ба миқдори 300 000 сомонӣ расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин иқдом ва дастгирӣ нишони ҳамбастагӣ, ғамхорӣ ва қадршиносии арзишҳои инсонӣ дар ҷомеа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Алиеви 10-сола 16 декабри соли 2025 дар яке аз мактабҳои шаҳри Одинсоваи Федератсияи Русия кушта шуд.








Туҳфаҳои идонаи Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Муъминобод расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Шаҳритус кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
АЗ ТОҶИКТА ТО АМИТ «ХОВАР». «Ховар» манбаи расмии иттилоот ва тарғибгари дастовардҳои соҳибистиқлолӣ аст
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба кӯдакони Мактаб-интернати ноҳияи Балҷувон расонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 барои Тоҷикистони маҳбуб соли бобарору таърихӣ буд»
Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ноҳияи Ашт расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Темурмалик расонида шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба хонандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан тақдим гардиданд
Оид ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди таҳсилоти касбӣ ҳамоиш баргузор шуд






