Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар Шурои санъати миллии Покистон маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ иштирок намуд.
Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ дар 3 толор ҳунарҳои мардумӣ, санъатҳои дастӣ, маҳсулоти гуногуни нонӣ, меваҷот, оши палав, номгӯи обҳои истеҳсоли Тоҷикистон, намоиши мусаввараю аксҳо, ки таъриху фарҳанг ва урфу одати миллати моро инъикос менамоянд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуданд.
Зимни ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ вазирони фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Покистон суханронӣ намуданд.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ доир ба муносибатҳои дӯстона ва гуногунҷанбаи Покистону Тоҷикистон ибрози ақида намуда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди робитаҳои ду давлати дӯст муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳунармандони шинохтаи мамлакат аз ансамбли созҳои миллӣ, гурӯҳҳои рақсии «Лола» ва «Парасту» барномаи фарҳангӣ, иборат аз рақсу сурудҳои марғубу дилнишинро намоиш доданд.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон то 24 декабр идома меёбанд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд






