МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Омилҳои пайдоиши диабети қанд ирсӣ, фарбеҳӣ ва фишорбаландӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Диабети қанд бемориест, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул меёбад. Хушк шудани даҳон, пешобронии зиёд, нозук шудан ва афтидани дандонҳо ва дер шифо ёфтани захмҳо аз аломатҳои ин беморӣ мебошанд. Чунин иброз дошт ба АМИТ «Ховар» мудири кафедраи бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Зумратхон Бобохоҷаева.
Ҳамасола гирифторони ин беморӣ ба ҳадди 8-10 дарсад афзоиш меёбанд. Диабет — ин гурӯҳи бемориҳои метаболикӣ (мубодилаи моддаҳо) мебошад, ки ба он баландшавии қанди хун хос аст. Ин бемориест, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул меёбад. Дар ин беморӣ ҳормони «инсулин» ё тавлид намешавад ё ба шакли зарурӣ фаъолият намекунад.
Омили пайдоиши бемории қанд дар чист?
Баландшавии қанди хун дар натиҷаи иллати тарашшуҳи нисбӣ ё мутлақи инсулин ба амал меояд. Дар натиҷа вайроншавии кори рагҳо ва торҳои асаб пеш меояд.
Сабабҳо ва омилҳои гирифторӣ ба ин беморӣ хеле зиёданд. Аз ҷумла, ирсӣ, яъне метавонад аз насл ба насл гузарад, аутоиммунӣ, мутатсияи гении ретсепторҳо ва худи инсулин, истифодаи баъзе дорувориҳо ва маводи химиявӣ, баъзе бемориҳои дигари ғадудӣ ва дигар сабабҳо.
Диабет ба таври васеъ ба намудҳои зерин тақсим мешавад: Якум диабети навъи 1: ин навъи бемории аутоиммунӣ мебошад. Системаи масуният ба ҳуҷайраҳои дохили ғадуди зери меъда, ки дар он инсулин тавлид мешавад, ҳамла мекунад ва нобуд месозад. Навъи дуюми беморӣ ҳангоми муқовимати бадан ба инсулин пайдо мешавад ва қанд дар хун ҷамъ мешавад. Навъи сеюм- ин диабети гестатсионӣ аст, ин ҳолатест, ки бо баландтар аз сатҳи шакар дар хун тавсиф мешавад, бори аввал дар давраи ҳомиладорӣ инкишоф меёбад ва пас аз таваллуд ҳал мешавад.
Бемори диабети қанд чӣ нишона дорад?
Нишонаҳои аввалини беморӣ дар шахсони ба беморӣ гирифторшуда хушк шудани даҳон, ташнагӣ — яъне талабот ба обнӯшӣ зиёд шуда, пешоб ҳам бештар мешавад. Дар гурӯҳи бемороне, ки ба диабети қанди навъи 1-ум гирифтор шудаанд, инчунин камшавии иштиҳо ва баръакси онҳо дар гурӯҳи беморони диабети қанди навъи 2- юм дошта баландшавии иштиҳо ба назар мерасад.
Барои пешгирии бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
Роҳҳои пешгирии бемории диабети қанд муҳимтар аз табобати беморӣ аст. Ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шудан, вазнро муътадил нигоҳ доштан, худдорӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва тамоку аз роҳҳои пешгирии ин беморӣ мебошанд. Роҳҳои пешгирии бемории диабети қанд муҳимтар аз табобати беморӣ аст. Агар дар оилаҳое, ки ба диабети қанд тамоюли авлодӣ доранд, вазни кӯдак давоми ҳаёт зиёд шавад, бояд ҳатман ба пизишкон муроҷиат намоянд. Бояд гуфт, ки яке аз роҳҳои пешгирии он дуруст ба роҳ мондани реҷаи хӯрокхӯрӣ ва машғул шудан ба варзиши сабук, ба мисли пиёдагардӣ ва оббозӣ мебошад.
Оё ин беморӣ табобатшаванда аст?
Бемории диабети қанд бемории табобатшаванда аст, вале пурра нест намешавад ва он табобати доимиро талаб мекунад. Бемории диабети қанд ба табобат ва назорати ҷиддӣ зарурат дорад.
Тибқи тавсияи мутахассисон амал намудан зарур аст. Шарти аввал- ин парҳез кардан мебошад. Беморон бояд маводи дорувориро сари вақт истеъмол намоянд ва таҳти назорати доимии табибони эндокринолог, офталмолог, кардиолог ва нефролог бошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд






