Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик, Мураббии шоистаи Иттиҳоди Шуравӣ Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Шариф Назаров 23 феврали соли 1946 таваллуд шудааст. Шариф Назаров аз маъмурӣ сар карда, то ба вазифаи сармураббӣ расид. Ӯ бо бисёр мураббиёне, ки дар муваффақияти дастаи «Помир»-и Душанбе саҳми назаррас гузоштаанд, ҳамроҳ фаъолият намуд.
Таҳти роҳбарии Шариф Назаров дастаи «Помир»-и Душанбе соли 1988 дар Лигаи якум ғолиб омада, ба Лигаи олии Иттиҳоди Шуравӣ роҳ ёфт.
Ҳамчун мураббӣ Шариф Назаров ҷоизаҳои зиёде ба даст овард. Ӯ қаҳрамони чандинкарата ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон аст. Ба ҳайси мураббии дастаи миллии Тоҷикистон ӯ Ҷоми даъвати КФО-2006-ро соҳиб шудааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






