Намояндагони Тоҷикистон дар 11-умин Саммити ҷаҳонии ҳалол иштирок намуданд

Декабрь 1, 2025 15:53

ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 29 ноябр дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия 11-умин Саммити ҷаҳонии ҳалол, Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ҳалол ва ҷаласаи 5-умми вазирони тиҷорат ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ доир гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имсол саммит таҳти унвони «Инноватсия ва бартарият дар тиҷорати ҳалол» баргузор гардид, ки муҳимтарин рӯйдоди ҷаҳонӣ дар соҳаи иқтисоди ҳалол ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми иқтисоди ҷаҳонии ҳалол имрӯз зиёда аз 7 триллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки иқтисоди ҳалол имрӯз на танҳо ғизо, балки маҳсулоти беҳдоштӣ ва ороишӣ, дорусозӣ, сайёҳии ҳалол, тандурустӣ ва молия, ширкатҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли саноати сабук, инчунин бахшҳои нав ба мисли логистика, нақлиёт, технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозиро дар бар мегирад.

Бо назардошти он ки саноати ҳалол яке аз самтҳои босуръат рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, Тоҷикистон барои фаъолона ворид шудан ба бозори ҳалол ва муаррифии маҳсулоти рақобатпазири миллӣ имкониятҳои васеъ дорад.

Қабули стандартҳои байналмилалии ҳалол ва ташаккули иқтидори содиротӣ метавонад дар оянда ба баланд гардидани мавқеи иқтисодии мамлакат дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

Иштироки Тоҷикистон дар чунин платформаҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ гардида, барои рушди ҳамкории  тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, тавсеаи истеҳсолоти ватанӣ, рушди содирот ва тақвияти робитаҳои иқтисодӣ бо бозорҳои ҷаҳонӣ замина фароҳам меорад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 1, 2025 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»