Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
РӮДАКӢ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 18 декабр дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар машғулияти омӯзишӣ иброз гардид, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2021–2025 дар ноҳияи Рӯдакӣ якчанд иқдоми муҳим амалӣ гардид. Ҳамзамон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби аҳолӣ ба шуғли истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойи нави кор заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон грантҳои президентӣ имконият фароҳам меоранд, то ҳунармандон фаъолияташонро густариш дода, маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намоянд ва ба бозорҳои дохилию хориҷӣ роҳ ёбанд.
Дар машғулияти омӯзишӣ масъалаҳо оид ба тартиби пешниҳоди лоиҳаҳо барои дарёфти грантҳои президентӣ, рушди малакаҳои касбӣ, ҳифз ва муаррифии ҳунарҳои миллӣ, инчунин роҳҳои ҷалби ҷавонон ва занон ба соҳаи ҳунармандӣ баррасӣ карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






