Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир мегардад
ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ» ҳамоиш баргузор мегардад.
Тавре аз ин марказ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиш бо ҳадафи таҳлили амиқи раванди рушди долонҳои нақлиётӣ ва энергетикӣ дар минтақа, баррасии вазъи амният ва имконияти Тоҷикистон дар пайвастан ба шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ гузаронида мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки зимни ҳамоиш масъалаҳои муайян намудани зарфияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пайвастан ба долонҳои нақлиётӣ, баррасии мушкилот дар самти ҳузури фаъоли Тоҷикистон дар фаъолияти долонҳои нақлиётӣ-энергетикӣ, имконияти муосири пайвастан ба долонҳои нақлиётӣ, нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар бунёди долонҳои “сабз” дар Осиёи Марказӣ, стратегияи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти фаъолияти долонҳои нақлиётӣ ва боркашонӣ дар шароити ҷаҳони муосир ва рушди ҳамкории минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳамчун заминаи тавсеаи долонҳои нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки натиҷаҳои ҳамоиш метавонанд ба таҳияи тавсияҳои илмӣ-амалӣ дар самти густариши сиёсати нақлиётӣ ва энергетикии мамлакат, таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои минтақавӣ мусоидат намоянд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






