Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд
РӮДАКӢ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо туҳфаҳои пулию молӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ғолибон, волидон ва омӯзгорони онҳоро барои ба даст овардани дастовардҳои намоён табрик гуфт. Иброз гардид, ки бо сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонию илмдӯстӣ натиҷаи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат маҳсуб мешавад. Ин имконият, дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасону ҷавононро водор месозанд, ки беш аз пеш ба хондани осори бузургон, андӯхтани дониш ва омӯзиши фанҳои дақиқ машғул шаванд. Раиси ноҳия изҳор намуд, ки дастовардҳои ғолибон натиҷаи меҳнати содиқонаи омӯзгорон, пуштибонии волидон ва талоши шахсии довталабон мебошанд.
Боиси ифтихори сокинони ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 Фариса Холиқова дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» ба гирифтани Шоҳҷоиза шарафёб гардид.
Ҳамзамон дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» намояндагони ноҳияи Рӯдакӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Дар номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» хатмкардаи Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С. Пушкин Муҳаммадрофеъ Ёрзода соҳиби ҷойи сеюм гардид. Дар номинатсияи «Биология» хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 Азиза Раҷабова ва дар номинатсияи «Химия» хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 Комрон Пиров мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Барои ҳавасманд гардонидани хонандагону сокинон ва қадрдонии ғолибони озмунҳо ба ғолиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон»- хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 Фариса Холиқова Ифтихорнома ва 25 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим карда шуд. Ба омӯзгори хонанда Фарҳод Ҳакимов 7 ҳазор сомонӣ ва ба директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 2 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Ҳамчунин волидони Фариса Холиқова бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ғолибони ҷойи сеюми даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» Муҳаммадрофеъ Ёрзода, Азиза Раҷабова ва Комрон Пиров бо Сипоснома ва 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Волидони онҳо бо 5 ҳазор сомонӣ ва омӯзгорону директорон бо 2 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






