ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни дастаҳои футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд пеш аз бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2025 дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор шуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футзали Тоҷикистон, масъулини бозӣ ва мудирони дастаҳо иштирок карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ шуда, ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Мизбонони мусобиқа- дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе либосҳои сабз ва дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд либосҳои сафед мепӯшанд. Ҳамчунин дар арафаи бозии ниҳоӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки дар он сармураббиёни дастаҳо Пайрав Воҳидов аз «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва Сергей Коридзе аз «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд. Мураббиён изҳор доштанд, ки дастаҳои онҳо азму иродаи қавӣ нишон дода, барои ин ҷоизаи бонуфуз мубориза мебаранд.
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 имрӯз, 10 декабр, соати 18:00 дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Хотиррасон мешавем, ки дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе дар марҳилаи нимниҳоӣ бар дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3 бар 1 ва дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи «Сомон» бо ҳисоби 6 бар 1 ғолиб омада, ба финал роҳ ёфтанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






