Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ сар задани сел ва дар баъзе шоҳроҳҳо фаромадани тарма пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳад.
Пагоҳ дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши борону барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳии вилояти Суғд рӯзона бориши борон ба барф гузашта, дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши борон дар назар аст.
Шамол аз самти шимолу ғарб дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд то 15-20 метр дар як сония мевазад.
Бо сабаби бориши боронҳои бошиддат дар ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминободи вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои Рашт, Сангвор ва Ағбаи Чормағзаки ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани сел дар назар аст.
Дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ва мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб фаромадани тарма пешгӯӣ карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






