Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад

Декабрь 20, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва роҳнамои сиёсати дохиливу хориҷӣ дар муайян кардани афзалияти қонунгузорӣ нақши калидӣ дорад.

— Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли равон супоришҳои мушаххас барои таҳияи лоиҳаҳои қонунҳои нав дода шуд, ки ин равандро суръат мебахшад ва афзалияти миллиро муайян мекунанд.

Ин супоришҳо ба соҳаҳои муҳими рушди ҷумҳурӣ равона шудаанд:

  1. Заминаи ҳуқуқӣ барои иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «Парламенти мамлакатро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд». Ин супориш ба Маҷлиси Олӣ нигаронида шудааст ва қонунгузориро барои гузариш ба модели иқтисодии рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳидоят мекунад.

А) Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иқтисоди рақамӣ» ба талаботи замони муосир, раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва зарурати таъмини рақобатпазирии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои рақамӣ асос ёфтааст. Ин қонун ба ташаккули заминаи ҳуқуқии рушди иқтисоди рақамӣ, мусоидат ба навовариҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар муҳити рақамӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи технологияҳои рақамӣ равона шудааст. Дар сатҳи ҷаҳонӣ иқтисоди рақамӣ яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодӣ ва технологӣ ба шумор меравад. Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба аҳамияти ташаккули заминаи ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ таъкид мекунанд. Масалан, дар «Тавсияҳои Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ оид ба сиёсати рақамӣ» (2019) зарурати қабули қонунҳое, ки шаффофият, амният ва ҳифзи маълумоти шахсиро дар муҳити рақамӣ таъмин мекунанд, иброз шудааст. Инчунин Иттиҳоди Аврупо бо қабули Регламенти 2024/1689 (Қонуни зеҳни сунъӣ) ва дигар санадҳои меъёрӣ заминаи ҳуқуқии танзими технологияҳои рақамиро мустаҳкам намуда, ба стандартҳои байналмилалӣ роҳ кушод. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба мутобиқсозии қонунгузории худ ба меъёрҳои байналмилалӣ ниёз дорад, то дар бозори ҷаҳонии рақамӣ рақобатпазир бошад. Қабули ин қонун имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ, аз қабили ҳифзи маълумоти шахсӣ, танзими дороиҳои рақамӣ ва мусоидат ба навовариҳо (мувофиқи барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор) мутобиқ гардад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта, аз қабили Швейтсария, Сингапур ва Ҷопон, нишон медиҳад, ки ташаккули заминаи ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ барои ҷалби сармоя ва рушди технологияҳо муҳим аст. Швейтсария яке аз пешсафон дар танзими криптодороиҳо мебошад. Мақомоти назорати бозори молиявии Швейтсария соли 2018 роҳнамои танзими Пешниҳоди аввали қарздиҳии сикка (Initial Coin Offering – ICO)-ро қабул кард, ки токенҳоро ба се намуд-токенҳои пардохтӣ, хидматӣ ва сармоягузорӣ ҷудо намуда, барои ҳар кадом реҷаи ҳуқуқии мушаххас муқаррар кард. Ин таҷриба барои Тоҷикистон  муфид аст, зеро он имкон медиҳад, ки гардиши дороиҳои рақамӣ бо назардошти хусусиятҳои иқтисодии онҳо танзим гардад. Сингапур низ бо қабули қонун дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ (Payment Services Act, 2019) заминаи ҳуқуқии танзими криптодороиҳо ва платформаҳои рақамиро таъмин кард. Ин қонун ба операторони платформаҳои рақамӣ талаботи махсус оид ба амният ва шаффофиятро муқаррар намуда, ба афзоиши сармоягузориҳо мусоидат кард. Тоҷикистон метавонад аз ин таҷриба барои ташаккули режими ҳуқуқии платформаҳои рақамӣ истифода барад. Ҷопон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки дар соли 2017 бо қабули қонуни «Асъори маҷозӣ» криптоасъорро қонунӣ кард. Аммо, соли 2019 ин мамлакат истилоҳи «Асъори маҷозиро»-ро ба «криптодороиҳо» иваз намуда, қонунгузориро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кард. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бояд аз истифодаи истилоҳоти ғайримуқаррарӣ худдорӣ намуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ такя кунад, то аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дар бозори рақамӣ устувор бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги рушди иқтисоди рақамӣ мебошад, аз ҷумла дар соҳаҳои савдои электронӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва технологияҳои молиявӣ. Бо вуҷуди ин, набудани заминаи ҳуқуқии мушаххас барои танзими дороиҳои рақамӣ, платформаҳои рақамӣ ва технологияҳои блокчейн ба рушди ин соҳа монеъ мешавад. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ба рушди иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав таъкид мекунад, ки қабули ин қонунро ҳатмӣ мегардонад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иқтисоди рақамӣ» мушкилоти зеринро бартараф менамояд:  ноустувории ҳуқуқӣ, яъне набудани мафҳуми дақиқи дороиҳои рақамӣ ва реҷаи ҳуқуқии онҳо боиси номуайянӣ барои сармоягузорон мегардад; амнияти рақамӣ, яъне афзоиши таҳдидҳои киберӣ талаб мекунад, ки чораҳои муҳофизати маълумот ва транзаксияҳо муқаррар карда шаванд; ҷалби сармоя, яъне таҷрибаи хориҷӣ нишон медиҳад, ки заминаи ҳуқуқии устувор ба афзоиши сармоягузориҳо мусоидат мекунад; рушди кадрҳо, яъне норасоӣ кадрҳои баландихтисос дар соҳаи технологияҳои рақамӣ бо ташкили омӯзиш ва бозомӯзии касбӣ ҳалли худро пайдо мекунад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иқтисоди рақамӣ» барои таъмини рақобатпазирии миллии Тоҷикистон дар иқтисоди ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди инфрасохтори рақамӣ муҳим аст. Ин қонун бо такя ба таҷрибаи байналмилалии Иттиҳоди Аврупо, Швейтсария, Сингапур ва Ҷопон таҳия шуда, ба хусусиятҳои миллии Тоҷикистон  мутобиқ бояд карда шавад. Он на танҳо заминаи ҳуқуқии танзими дороиҳои рақамӣ ва платформаҳои рақамиро таъмин мекунад, балки барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, мусоидат ба навовариҳо ва ташаккули иқтисоди муосири рақамӣ замина мегузорад. Қонуни мазкур ба рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Б) Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зеҳни сунъӣ» ба талаботи замони муосир, пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва зарурати таъмини рақобатпазирии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иқтисоди ҷаҳонӣ асос ёфтааст. Ин қонун барои ташаккули заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти марбут ба таҳия, истифода ва паҳнкунии системаҳои зеҳни сунъӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амният ва шаффофият, инчунин мусоидат ба навовариҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаи технологияҳои пешрафта равона шудааст. Зеҳни сунъӣ яке аз технологияҳои асосии асри 21 ба шумор меравад, ки дар соҳаҳои гуногун, аз қабили тандурустӣ, нақлиёт, маориф, хизматрасонии давлатӣ ва амният истифода мешавад. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба мубрамияти танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ таъкид мекунанд. Масалан, дар «Тавсияҳои ЮНЕСКО оид ба ахлоқи зеҳни сунъӣ» (2021) принсипҳои инсонмеҳварӣ, шаффофият, масъулият ва амният ҳамчун асосҳои танзими зеҳни сунъӣ иброз шудаанд. Иттиҳоди Аврупо бо қабули Регламенти 2024/1689 (Қонуни зеҳни сунъӣ) заминаи ҳуқуқии танзими системаҳои зеҳни сунъиро мустаҳкам намуда, талаботи мушаххасро барои системаҳои бо хатари баланд муқаррар кард. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба мутобиқсозии қонунгузории худ ба стандартҳои байналмилалӣ ниёз дорад, то дар бозори ҷаҳонии технологияҳо мавқеи устувор дошта бошад. Қабули ин қонун имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз қабили ҳифзи маълумоти шахсӣ, пешгирии табъиз дар истифодаи зеҳни сунъӣ (мувофиқи тавсияҳои ЮНЕСКО) ва мусоидат ба навовариҳо (мувофиқи барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор) мутобиқ гардад. Инчунин қонун ба татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои марбут ба технологияҳои рақамӣ мусоидат мекунад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ барои рушди технологияҳо, ҷалби сармоя ва ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ муҳим мебошад. Иттиҳоди Аврупо бо Регламенти 2024/1689 системаҳои зеҳни сунъиро ба категорияҳои хавфи баланд ва паст ҷудо намуда, барои системаҳои бо хатари баланд (масалан, дар тандурустӣ ва адлия) талаботи қатъии амният ва шаффофият муқаррар намуд. Давлати Чин соли 2023 қонуни махсусро оид ба идоракунии алгоритмҳои зеҳни сунъӣ қабул кард, ки ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва пешгирии истифодаи нодурусти зеҳни сунъӣ дар қабули қарорҳои автоматӣ нигаронида шудааст. Ин таҷриба барои Тоҷикистон муфид мебошад, зеро уҳдадориҳои таҳиягарон ва истифодабарандагонро оид ба ҳифзи маълумот ва шаффофият муайян мегардад.  Давлати Сингапур бо қабули «Роҳнамои ахлоқи зеҳни сунъӣ» (2019) ва барномаҳои дастгирии стартапҳо заминаи мусоидро барои рушди зеҳни сунъӣ фароҳам овард, ки ба чораҳои дастгирии давлатӣ таъмин аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо қабули «Қонуни миллии зеҳни сунъӣ» (2020) ба рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ ва омӯзиши кадрҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст, ки оид ба ташкили омӯзиши касбӣ барои мутахассисони зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон зарур мебошад.  Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад, хусусан дар соҳаҳои хизматрасониҳои давлатӣ, тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва рушди иқтисоди рақамӣ таъкид дорад, ки заминаи ҳуқуқии қабули ин қонунро ҳатмӣ мегардонад. Бо вуҷуди набудани заминаи ҳуқуқии мушаххас барои танзими зеҳни сунъӣ ба рушди ин соҳа, ҷалби сармоя ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон монеъ мешавад.Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз 30 сентябри соли 2022 яке аз санади муҳими стратегӣ мебошад, ки ҳадафҳои дарозмуддати рушди зеҳни сунъиро муайян мекунад. Стратегия дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми соли 2021 таҳия шудааст ва барои тезондани суръати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини рақобатпазирӣ тавассути истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ нигаронида шудааст. Стратегия ба таъсиси марказҳои зеҳни сунъӣ, омӯзиши кадрҳо ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт таъкид мекунад. Тоҷикистон аввалин давлате дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки чунин стратегияро қабул намуда, мавқеи пешсафии худро дар минтақа нишон медиҳад. Стратегия ба зарурати ташаккули заминаи ҳуқуқии танзими зеҳни сунъӣ дар шакли қабули қонун ишора мекунад, ки тавассути муқаррар кардани мафҳумҳо, талабот ба системаҳои бо хатари баланд ва уҳдадориҳои субъектони соҳа амалӣ мешавад.  Инчунин омӯзиши мутахассисони зеҳни сунъӣ, афзоиши сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ, мутобиқсозии стандартҳои миллӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ аз муқаррароти Стратегия бармеоянд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зеҳни сунъӣ» барои таъмини рақобатпазирии миллии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии технологияҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ муҳим аст. Ин қонун бо такя ба таҷрибаи байналмилалии давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Чин, Сингапур, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таҳия гардида, ба хусусиятҳои миллии Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст. Он на танҳо заминаи ҳуқуқии танзими системаҳои зеҳни сунъиро таъмин менамояд, балки барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, мусоидат ба навовариҳо ва ташаккули иқтисоди муосир замина мегузорад. Қонун ба рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.

  1. Қонуни сиёсати аграрӣ. Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки лоиҳаи қонун дар бораи сиёсати аграриро таҳия ва пешниҳод намояд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» ба талаботи замони муосир, зарурати таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ ва ҳифзи манфиатҳои деҳқонону кишоварзони мамлакат асос ёфтааст. Ин қонун барои ташаккули заминаи ҳуқуқии ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъмини рушди устувори соҳа, ҷалби сармоягузориҳо, ҳифзи захираҳои табиӣ (замин, об ва гуногунии биологӣ), дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ, инчунин мусоидат ба навовариҳо ва технологияҳои муосир дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ равона мегардад. Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки беш аз 60 фоизи аҳолиро бо шуғл таъмин мекунад ва ҳиссаи назаррасро дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дорад. Дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва талаботи ҷаҳонӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ, коҳиши камбизоатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳаётан муҳим аст. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи ҷаҳонии озуқа ва Созмони Милали Муттаҳид ба мубрамияти сиёсати аграрии ҳамаҷониба ва устувор таъкид мекунанд. Масалан, дар Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид (то соли 2030) ҳадафҳои марбут ба барҳам додани гуруснагӣ (ҳадафи 2), истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим принсипҳои асосии сиёсати аграрӣ муайян шудаанд. Иттиҳоди Аврупо бо қабули Сиёсати умумии кишоварзӣ заминаи ҳуқуқии дастгирии кишоварзон, ҳифзи муҳити зист ва рушди деҳотро мустаҳкам намуда, субсидияҳо ва механизмҳои ҳавасмандгардониро барои истеҳсолкунандагони хурду миёна ҷорӣ кардааст. Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ислоҳоти аграрии солҳои охир, аз ҷумла Қонуни заминҳои кишоварзӣ ва Барномаи рушди деҳот ба афзоиши ҳосилнокӣ, механикунонии соҳа ва коҳиши камбизоатӣ дар деҳот ноил гардид. Ин таҷрибаҳо барои Тоҷикистон муфиданд, зеро ба ҳифзи ҳуқуқи деҳқонон, тақсимоти одилонаи захираҳо (об ва замин) ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир нигаронида шудаанд. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иштирокчии фаъоли барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор ба мутобиқсозии қонунгузории худ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ниёз дорад, то дар бозори ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи устувор дошта бошад. Қабули қонун имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз қабили ҳифзи муҳити зист (мувофиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ), таъмини амнияти озуқаворӣ (мувофиқи тавсияҳои Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид) ва мусоидат ба рушди устувор мутобиқ гардад. Инчунин қонун ба татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои марбут ба кишоварзӣ ва савдои ҷаҳонӣ (аз ҷумла иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон ҳамчун узи Созмони ҷаҳонии Савдо) мусоидат мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ислоҳотҳои солҳои охир суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 афзоиш ёфтааст. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026–2030 ба рушди кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ таъкид мекунанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 бевосита супориш дода шудааст, ки лоиҳаи қонун дар бораи сиёсати аграриро таҳия ва пешниҳод намоянд. Ин супориш ба зарурати таҳкими заминаи ҳуқуқии соҳа, ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои пахтакор ва дигар истеҳсолкунандагон, инчунин ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи захираҳо асос ёфтааст.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» барои таъмини амнияти озуқавории миллӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба соҳа, рушди устувори деҳот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ муҳим аст. Ин қонун бо такя ба таҷрибаи байналмилалии давлатҳои пешрафта, Стратегияи миллии рушд ва дастури Президенти мамлакат таҳия гардида, ба хусусиятҳои миллии Тоҷикистон (афзалияти пахтакорӣ, истифодаи захираҳои обӣ ва рушди хоҷагиҳои хурд) мутобиқ карда мешавад. Он на танҳо заминаи ҳуқуқии сиёсати аграриро таъмин мекунад, балки барои ҳифзи манфиатҳои кишоварзон, мусоидат ба навовариҳо ва ташаккули иқтисоди устувори миллӣ замина мегузорад. Қонун ба рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коҳиши камбизоатӣ дар деҳот ва таҳкими мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.

  1. Қонуни соҳаи бостоншиносӣ. Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ишораи махсус намуданд, ки масъулини соҳаро зарур аст, ки лоиҳаи қонуни соҳаи бостоншиносиро дар муҳлати кутоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» ба талаботи замони муосир, зарурати ҳифзи мероси таърихию фарҳангии миллӣ, баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва мусоидат ба рушди сайёҳӣ ва илми бостоншиносӣ асос ёфтааст. Ин қонун барои ташаккули заминаи ҳуқуқии ҳамаҷонибаи танзими фаъолияти бостоншиносӣ, ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ, пешгирии ғайриқонунии кофтану содироти артефактҳо, таъмини шаффофият дар тадқиқотҳои илмӣ, инчунин мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаи мероси фарҳангӣ равона шудааст. Мероси бостонӣ зиёда аз 70 фоизи мероси фарҳангии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва ҳамчун шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик шинохта мешавад. Ёдгориҳои бостонӣ на танҳо манбаи илмию таърихӣ мебошанд, балки барои рушди сайёҳӣ, ташаккули ҳисси худшиносии миллӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ аҳамияти стратегӣ доранд. Дар шароити афзоиши таҳдидҳои ғайриқонунии кофтани ёдгориҳо, тағйирёбии иқлим ва рушди инфрасохтор, ҳифзи ин мерос ҳаётан муҳим аст. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба мубрамияти танзими ҳуқуқии соҳаи бостоншиносӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ таъкид мекунанд. Масалан, дар Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ (1972) ва Тавсияҳои ЮНЕСКО дар бораи ҳифзи мероси зеризаминӣ принсипҳои ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ пешгирии ғайриқонунии содирот ва ҳамкории байналмилалӣ ҳамчун асосҳои танзим муайян шудаанд. Иттиҳоди Аврупо бо қабули Директиваи Парлумони Аврупо ва Шурои Иттиҳоди Аврупо 2014/60/ЕС аз 15 майи соли 2014 «Дар бораи баргардонидани объектҳои фарҳангӣ, ки ғайриқонунӣ аз ҳудуди давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо берун бароварда шудаанд ва дар бораи ворид намудани тағйирот ба Регламенти (ИА) № 1024/2012» ва танзими бозори санъати бостонӣ заминаи ҳуқуқии мубориза бо қочоқи артефактҳоро мустаҳкам намуда, талаботи қатъиро барои иҷозатномадиҳӣ ва назорати давлатӣ муқаррар намудааст. Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Қонуни ҳифзи мероси фарҳангӣ аз соли 1982 ба ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ, таъсиси марказҳои тадқиқотӣ ва ҷаримаҳои сахт барои кофтани ғайриқонунӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст. Ин таҷрибаҳо барои Тоҷикистон муфиданд, зеро ба ҳифзи ҳуқуқи давлат бар ёдгориҳо, тақвияти назорати давлатӣ ва ҳамкории байналмилалӣ нигаронида шудаанд. Тоҷикистон ҳамчун узви Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангӣ ва табиӣ ва иштирокчии фаъоли барномаҳои байналмилалӣ ба мутобиқсозии қонунгузории худ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ниёз дорад, то дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ёдгориҳои бештар ворид кунад ва мавқеи устувор дар бозори сайёҳии фарҳангӣ дошта бошад. Қабули қонуни мазкур имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз қабили пешгирии қочоқи артефактҳо (мувофиқи Конвенсияи ЮНЕСКО аз 14 ноябри соли 1970 «Дар бораи чораҳо, ки ба манъ ва пешгирии воридоти ғайриқонунӣ, содироти ғайриқонунӣ ва интиқоли ҳуқуқи моликият ба арзишҳои фарҳангӣ равона шудаанд»), ҳифзи мероси зеризаминӣ ва мусоидат ба тадқиқотҳои илмӣ мутобиқ гардад. Инчунин қонун ба татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои марбут ба ҳифзи мероси фарҳангӣ мусоидат мекунад. Дар Тоҷикистон солҳои охир бо саъю талошҳои давлатӣ 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ тақвият ёфт. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз 3 апрели соли 2021 ба ҳифзи мероси таърихӣ, рушди сайёҳӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ таъкид мекунанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 супориш дода шуд: «Бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар ҷумҳурӣ қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест. Вобаста ба ин, масъулини соҳаро зарур аст, ки лоиҳаи қонунро дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд». Ин супориш ба зарурати таҳкими ҳифзи мероси бостонӣ, пешгирии таҳдидҳо ва мусоидат ба воридшавии ёдгориҳои бештар ба феҳристи ЮНЕСКО асос ёфтааст.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» барои ҳифзи мероси таърихию фарҳангии миллӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба тадқиқотҳо ва сайёҳӣ, рушди илм ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ муҳим аст. Ин қонун бо такя ба таҷрибаи байналмилалии давлатҳои пешрафта, Конвенсияҳои ЮНЕСКО ва дастури Президенти мамлакат бояд таҳия гардида, ба хусусиятҳои миллии Тоҷикистон (куҳанбунёдии тамаддун, зиёдии ёдгориҳои зеризаминӣ ва аҳамияти онҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ) мутобиқ карда шавад. Он на танҳо заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти бостоншиносиро таъмин мекунад, балки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, мусоидат ба тадқиқотҳои илмӣ ва ташаккули ҳувияти фарҳангии устувор замина мегузорад. Ин қонун ба рушди устувори фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиши даромади сайёҳӣ ва таҳкими мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.

Воқеан Паёми Президенти Тоҷикистон нақши марказӣ дар ташаккули қонунгузории миллӣ дорад, чунки дар он афзалият муайян карда шуда, дастурҳои мушаххас дода мешавад ва раванди ташакули қонунгузорӣ бо назардошти талаботи давлату халқ ба ҳадафҳои стратегии рушди мамлакат мутобиқ карда мешаванд. Паём кафолати он аст, ки қонунҳои нав ба манфиати мардум ва пешрафти давлат хизмат мекунанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 барои қонунгузории соли 2026 аҳамияти таърихӣ дорад. Дар он се супориши мушаххас дода шуд, ки боиси қабули қонунҳои навбатии миллӣ мегарданд: таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иқтисоди рақамӣ» ва «Дар бораи зеҳни сунъӣ», «Дар бораи сиёсати аграрӣ» ва «Дар бораи бостоншиносӣ». Ин супоришҳо на танҳо камбудиҳои ҳуқуқии мавҷударо бартараф мекунанд, балки Тоҷикистонро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намуда, рақобатпазирии миллиро дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ,  амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ таҳким мебахшанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар исбот намуд, ки қонунгузории миллӣ бояд ба амалӣ шудани ҳадафҳои давлат – рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Ҳамин тариқ, соли 2026 соли таҳкими пояҳои ҳуқуқии рушди босуръати ҷумҳурӣ мегардад.

Дониёр САНГИНЗОДА,
муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 20, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд