Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода супоридани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлол дар шаҳри Турсунзода, ҳамчунин кӯдакистони хусусии Дунёи ширин дар кӯчаи Ҷалолиддини Балхӣ, муассисаи томактабии Лабханди кӯдак дар деҳоти Регар, кӯдакистони Ҷони бобо дар шаҳри Турсунзода, боғчаҳои хусусии Шукуфа ва Лола”, ҳамчунин Муассисаи томактабии наздимуассисавии деҳаи Шӯрхокро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи томактабии хусусии Дунёи ширин аз ҷониби соҳибкори ватандӯст дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати баланд ва шароити муосир бунёд ёфтааст.
Дар иншооти навбунёди таълимӣ 60 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва барои кор бо онҳо 6 мураббӣ ва ёварони мураббиён, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардидаанд.
Дар кӯдакистони хусусии Лабханди кӯдак барои рушди зеҳнӣ, тарбиявӣ ва ахлоқии кӯдакон шароити мусоиду муосир фароҳам оварда шудааст.
Бино дорои 12 ҳуҷра, аз ҷумла 4 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои дарсӣ ва методӣ, кории маъмурият, тиббӣ ва толори махсус барои машғулиятҳои варзишӣ ва рушди ҷисмонӣ мебошад. Ҳар як синфхона бо мебелу таҷҳизоти нав, васоити аёниву таълимӣ ва бозичаҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин кӯдакистон 23 омӯзгори соҳибтаҷриба бо кори доимӣ таъмин гардиданд, ки ин иқдом ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии занони шаҳр мусоидат мекунад.
Муассисаи томактабии хусусии Ҷони бобо дар шаҳри Турсунзода барои рушди зеҳнӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Дар ин таълимгоҳ 350 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои хизматрасонӣ 30 мураббӣ ва ёварони онҳо ба кор ҷалб гардидаанд.
Кӯдакистони Шукуфа дар шаҳри Турсунзода дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.
Бинои нави муассиса барои фаро гирифтани 100 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Иншооти дигари соҳаи маориф, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт, кӯдакистони хусусии Лола мебошад, ки бо саҳми соҳибкори ватандӯст сохта шудааст.
Муассисаи томактабии назди муассисавии деҳаи Шӯрхок бошад, барои 50 кӯдак бунёд гардидааст. Дар раванди бунёди он сокинони маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин шуданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти 6 кӯдакистони хусусӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, аз иқдомҳои созандаи соҳибкорони ватандӯст изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода дастур доданд, ки кӯдаконро бо таълими босифат фаро гирифта, барои ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир, тарбияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ дар қалби онҳо ҷо кардани эҳтирому садоқат ба Ватан тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷовидони ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Шаҳриёрро тариқи фосилави мавриди истифода қарор доданд.
Бинои кудакистони мазкур дар пайрави аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ва сазовор аз ҷашни бузурги 35 солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Раҷабзода Шавкат пурра таъмиру таҷдид ва навсозӣ гардидааст.
Ба Сарвари давлат итилло доданд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии Шаҳриёр барои 80 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани Муассисаи таҳсилоти то мактаби 10 нафар мутахассисони маҳаллӣ аз ҳисоби занон ба кор таъмин гардидаанд.
Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар Муассисаи мазкур моҳи августи соли 2025 оғоз гардида моҳи декабри 2025 ба анҷом расидааст.
Кудакистон ҳуҷраҳои барҳавои машғулият ва истироҳати бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун фароҳам оварда шудааст.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд
Дар ноҳияи Ёвон якчанд иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ мавриди истифода қарор гирифт
Дар деҳаи Деваштичи Панҷакент муассисаи таълимӣ бунёд мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешаванд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ доир намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд бинои нави Маркази микроҷарроҳии чашм бунёд мегардад






