Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансур корхонаи саноатии «Покиза М»-ро ба истифода доданд

Декабрь 24, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Покиза М-ро ба истифода доданд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 7 тонна маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо саҳми корхонаро дар ғанӣ гардондани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар боз ҳам назаррас мегардонанд.

Дар корхона 77 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ, шароити мусоиди меҳнат ва музди хуб таъмин гардидаанд. Тибқи дурнамо, бо васеъ гардидани иқтидори истеҳсолӣ шумораи кормандон то 280 кас расонида шуда, пас аз қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ низ ба роҳ монда мешавад. Ин иқдом ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозорҳои минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

Иншоот аз бинои маъмурӣ, сехҳои истеҳсолӣ, нуқтаи қабули гӯшти чорво ва паранда, сардхонаҳои нигоҳдории ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр, ошхона, таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Фаъолияти корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ Покиза М ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии хушсифату бехатар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди саноати коркард ва суръат бахшидан ба раванди саноатикунонии кишвар мутобиқат мекунад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуда, бо шароит, имконот ва ҷараёни коркарди маҳсулот фосилавӣ шинос шуданд ва ба масъулон ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корхона дастуру тавсияҳо доданд.

Пас аз ба истифода додани ин корхонаи саноатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо се корхонаи парандапарвариро дар ноҳияҳои Шаҳринаву Файзобод ва шаҳри Турсунзода ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.

Корхонаи парандапарварӣ дар шаҳри Турсунзода бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ бунёд гардидааст. Дар корхонаи мазкур чор коргоҳи парвариш барои мурғи гӯштӣ бо иқтидори умумии 160 ҳазор сар чӯҷа омода буда, коргоҳҳои иловагӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Ҳоло дар чор коргоҳи омодашуда зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, 40 ҳазор сар чӯҷа барои истеҳсоли гӯшти мурғ парвариш меёбанд.

Корхонаи парандапарварӣ дар деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав аз чор коргоҳи истеҳсолӣ иборат буда, иқтидори истеҳсолии солонаи он то 1 миллиону 170 ҳазор сар мурғро дар бар мегирад.

Корхонаи парандапарварӣ дар ноҳияи Файзобод барои парвариши то 540 ҳазор сар мурғ дар як сол пешбинӣ шуда, самти асосии фаъолияти он истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ мебошад. Баробари ба истифода додани ин корхона 15 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ба истифода додани чунин корхонаҳои истеҳсолӣ натиҷаи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар буда, заминаи устувор барои рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини ояндаи устувори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар тӯли 22 соли фаъолияти корхонаи мазкур беш аз 10 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё гардида, ин иқдом ба беҳтар гардидани зиндагии арзандаи сокинон мусоидат намудааст.

Ба истифода додани корхонаи саноатии Покиза М дар шаҳри Душанбе ва ифтитоҳи фосилавии 3 корхонаи парандапарварӣ 24.12.2025

Декабрь 24, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо конфронси байналмилалӣ доир мешавад
Барқияи шодбошии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон 649 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Лахш 90 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
«ОФТОБ ДАР ХУРРАМЗАМИН». Таҳти чунин унвон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби нав ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд