Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд

Декабрь 25, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдак, 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд.

Зимни ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф 6 маркази инкишофи кӯдак барои 390 кас ва бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 бо 480 ҷойи нишаст дар ноҳияи Кӯшониён ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншооти зикргардида дар идомаи ташаббусҳои роҳнамунсози Роҳбари давлат дар самти беҳсозии заминаи таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф аз ҳисоби Барномаи инкишофи барвақтии кӯдак бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 200 кӯдак дар маҳаллаи Хоҷишариф, Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ барои 300 кӯдак дар маҳаллаи Маданият ва ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаҳои Дӯстӣ ва Маданияти шаҳри Бохтар бо 4800 ҷойи нишаст бунёд мегарданд.

Зимни суҳбат бо масъулон ба тарҳи бунёди марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳиссагузории бештар дар пешрафти низоми маорифи Точикистон, бахусус бобати рушди зинаи томактабии таълим, дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Инчунин, зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Маҷмааи варзишӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи маҷмаа бо сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъмории муосир ва бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ анҷом дода шавад.

Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф, муаррифии лоиҳаҳои бунёди 4 иншооти дигари ин соҳа ва 1 муассисаи варзишӣ 25.12.2025

Декабрь 25, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд