Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фатҳулло Соҳибов бунёд гардида, аз 12 ошёна ва 80 хона иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо бинои нав дар ҳамин ҷо ба маъюбону ниёзмандон, кормандони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, хизматчиён ва дигар сохторҳои гуногуни давлатӣ калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд.
Дар хонаҳои истиқоматии барҳаво, ки мутобиқ ба талаботи муосир сохта шудаанд, тамоми ҷиҳоз ва ашёи зарурӣ барои зист фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ин соҳибкорро намунаи олии ватандӯстӣ ва шоистаи таҳсин дар кишвар маънидод карданд. Зимнан онҳое, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд, муҳаббату самимияти худро ба ин ғамхориву ташаббусҳои инсондӯстонаи Президенти кишвар баён намуданд.
Ин бино дар давоми зиёда аз ду сол бо ҷалби 40 мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Ошёнаҳои 1 ва 2 барои маркази савдо ва хизматрасонӣ пешбинӣ шуда, дар онҳо 20 кас соҳиби кор мешаванд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд






