РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ. Дар Тоҷикистон беш аз 20 санади зиддикоррупсионӣ амал менамояд
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Коррупсия чун яке аз зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир ва мушкилоти сатҳи байналмилалӣ аз замонҳои қадим вуҷуд дошта, дар марҳилаҳои таърихии ташаккули ҷомеаи башарӣ дар шаклҳои гуногуни ба шароити замона хос инкишоф ёфтааст.
— Тибқи фарзияи мутафаккирон, коррупсия ҳанӯз дар ҷомеаи ибтидоӣ пайдо гардидааст ва аз замоне, ки хоҷагии ҷамоавӣ – қабилавӣ ба марҳилаи иқтисоди бозоргонӣ қадам гузошт, коррупсия низ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҷомеа мавқеи ибтидоӣ гирифт.
Бо рушд ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи шууру ақлронии мардум институти давлатдорӣ ба миён омад. Пешниҳоди мол ва хизматрасонӣ ба амалдорон, коҳинон ва қозиён марҳилаи сифатан нав ва тобиши сиёсӣ гирифт.
Дар низоми идоракунии давлатии кишварҳои аввалини ғарбӣ сарчашмаҳои муътабари хаттӣ дарёфт карда шудаанд, ки мавҷудияти коррупсияро дар он давра шаҳодат медиҳанд.
Аввалин шахсе, ки дар сатҳи давлатдорӣ бо ҷиноятҳои коррупсионӣ мубориза бурдааст, ин дар Бобули Қадим Урукагин, подшоҳи шумерҳои шаҳри (давлати) Лагаш ба ҳисоб меравад. Новобаста аз он ки ин шоҳ дар сатҳи болоӣ бо коррупсия муборизаро ба таври қатъӣ ба роҳ монда буд, вале дар сатҳи поёнӣ ҳанӯз содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳамчун амали муқаррарӣ ба назар мерасид.
Чуноне ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, соли 320 пеш аз милод амалдори Юнон Клеомон, ки ӯро Искандари Мақдунӣ масъули таъминоти ғалла таъйин карда буд, даст ба ҷиноят мезанад. Ин амали ӯ бори аввал дар таърихи ғарб ҳамчун қаллобӣ эътироф гардида, ба он чун амали коррупсионӣ баҳо дода шуд.
Дар Рими қадим беш аз 40 намуди порахӯрӣ мавҷуд буд. Дар «Маҷмуи қонунҳои дувоздаҳ ҷадвал» истилоҳи «corrumpere» ба маънои «бо пул иваз кардани нишондод дар суд» ва «ба судя ришва додан» истифода гардида, барои гирифтани пора ҳукми қатл муқаррар шуда буд.
Қадимтарин маълумот доир ба масъалаи коррупсия ва муқовимат ба он дар таърихи давлатдории тоҷикон аз давраи шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо боқӣ мондааст. Давлати Ҳахоманишӣ бар асоси таълимоти ойини зардуштӣ бунёд ёфта буд, ростиву адолатхоҳӣ ва раиятпарварӣ аз фазилатҳои муҳим ва барҷастаи он ба шумор мерафтанд. Пайравӣ ва эътиқод ба таълимоти зардуштӣ ҳахоманишиҳоро ба корнамоиҳои арзишманде дар соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳидояту роҳнамоӣ карда буд.
Дар замони ҳукмронии Куруши Кабир ва Дориюши Кабир масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар қиёс ба мафҳуми фасоди молӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими он давр дониста мешуданд. Ин буд, ки дар Эъломияи Куруши Кабир ба масъалаҳои озодии фаъолият, дину мазҳаб ва интихоби маҳалли зист диққати аввалиндараҷа дода мешуд.
Дар банди 14-уми Маншури асосгузори давлати Ҳахоманишиҳо Куруши Кабир чунин нигошта шудааст: «Куруш бо ростиву адолат кишварро идора мекард». Дориюши Аввал низ дар Катибаи Бесутун гуфтааст: «… ин ки кардам ба бузургии Аҳурамаздо кардам… тибқи ростӣ рафтор бикардам». Чунин ба назар мерасад, ки эҳтимол ин гуфтаҳо дар фаъолияти зиддикорупсионии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо низ то андозае принсипҳои роҳбарикунанда дониста мешуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» дар бораи низоми идоракунии давлатии Ҳахоманишиён ва таъсири он ба таърихи миллати тоҷик чунин нигоштаанд: «Қонуни доди шоҳии Ҳахоманишиҳо нишон медиҳад, ки аҷдоди ориёии мо пойбанд будан ба қонунро асли зиндагӣ қарор дода будаанд ва ҳамин хислат дар табиати миллати мо то ҳанӯз боқӣ мондааст. Ҳангоми муқовимати шаҳрвандӣ барои ҳимояи сохти конститутсионӣ бархостани аксарияти мардуми мо ва аз сулҳу салоҳ дифоъ намудани халқи тоҷик шаҳодати равшани сиришти миллии мост, ки хостгори озодию адолат будааст».
Дар замони ислоҳоти давлати Ҳахоманишиён, ки онро Дориюши Кабир анҷом додааст, ба масъалаи пешгирии фасод байни хизматчиёни ҳарбӣ ва сатрапҳо (ҳокимони вилоятҳо) диққати махсус зоҳир карда мешуд.
Минбаъд дар марҳилаҳои баъдии ташаккули таърихии халқи тоҷик аз ҷумла, дар давраи Тоҳириёну Саффориён ва давлати абарқудрати Сомониён андешидани тадбирҳои муқовимат ба коррупсия аз нигоҳи шаръӣ маҳкум карда шуда, ҷазои сангинро нисбат ба афроди содиркунандаи чунин кирдорҳо раво дониста мешуд.
Бо мураккаб гардидани низоми идоракунии давлат даст ба амалҳои коррупсионӣ задани қозиҳо боиси нигаронии хоссаро ба бор оварда буд. Он боиси азнавтақсимкунии ғайриқонунии амвол ва хоҳиши берун аз чаҳорчӯби қонунӣ ҳал кардани баҳсҳо мегардид.
Масъалаи мубориза бо коррупсия дар афкори олимони шинохтаи ҷаҳон низ дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, дар масъалаи майл ба порахӯрӣ доштани мансабдорон ва роҳи пешгирии он файласуфи юнонӣ Арасту навиштааст, ки шахсони мансабдор «ба татмеъ кардан (ба харидан бо ришва) дастрасанд ва бисёр вақт корҳои давлатиро қурбони вақтхушии худ мекунанд. Бинобар ин беҳтар мебуд агар онҳо аз ҳар навъи назорат озод намебуданд».
Барои фаҳмидани коррупсия такони муҳимро асарҳои Никколо Макиавелли медиҳанд. Вай фасодро бо беморие, ба мисли саратон муқоиса кардааст. Дар аввал эътироф кардан душвор аст, аммо табобаташ осонтар аст. Агар беэътиноӣ карда шавад, шинохтан осон, табобаташ душвор аст.
Дар баробари таҳаввулоти давлатдории инсоният мубориза бо коррупсия низ яке масъалаҳои ҳалталаб боқӣ монд. Аз охири асри 18 сар карда, дар Ғарб дар муносибати ҷомеа бо фасод табаддулоти куллӣ ба амал омад. Ислоҳоти либералӣ таҳти шиоре гузашт, ки ҳокимияти давлатӣ ба манфиати мардум фаъолият намуда, танҳо дар ҳолати аз ҷониби мансабдорон риоя гардидани қонунҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳукуматро дастгирӣ мекунад. Аз ҷумла, тибқи Қонуни асосии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки соли 1787 қабул шудааст, гирифтани ришва ҳамчун асос барои импичмент эълон кардани раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гардид. Ин ислоҳот ба ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон дод, ки дар идоракунии давлатӣ таъсир расонад.
Коррупсия аз ҷониби омма ҳамчун зуҳуроти манфур эътироф гардидааст ва мубориза бо он дар таърих инсониятро ҳамроҳӣ намуда, таъсири манфии он тамоми соҳаҳои ҷомеаро фаро гирифтааст. Марҳилаи нави таҳаввулоти коррупсия дар кишварҳои пешрафта марҳилаи асрҳои 19 ва 20 буд.
Дар нимаи дуюми асри 20 коррупсия хусусияти байналмилалӣ касб намуд. Он на танҳо ба як давлат, балки дар шароити муносибатҳои хориҷӣ ба рушди бисёр кишварҳо таъсири манфӣ мерасонид. Бинобар ин, давлатҳои ҷаҳонро зарур омад, ки санади байналмилалиро дар самти муқовимат ба коррупсия қабул намуда, муносибатҳои байни давлатҳоро дар доираи он ба танзим дарорад. Дар ин замина соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия қабул гардид. Он то имрӯз ҳамчун санади меъёрии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди амал қарор дорад.
9 декабри соли 2003 дар Конфронси сатҳи баланд дар шаҳри Мерридаи Мексика Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия бори аввал барои имзо гузоштан аз ҷониби кишварҳои олам боз гардид. Ин сана шуруъ аз ҳамон сол ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия шинохта шуд.
Муқовимат ба коррупсия яке аз авлавияти муҳими сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ гардида, дар ин самт мақоми махсуси зиддикоррупсионӣ таъсис дода шуд. Дар мамлакат беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муқовимат ба коррупсия ба тасвиб расидааст. Вазифа ва уҳдадории мақомоти давлатӣ дар самти амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат муқаррар гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо эътироф аз ин санаи таърихӣ дар вазорату идораҳо, муассисаю корхонаҳо ва ташкилот доир ба ин мавзуъ мулоқоту суҳбат, семинару конфронс ва ҳамоишҳо баргузор карда мешаванд.
Ин санаи муҳим моро водор месозад, ки ба хотири пешрафту инкишофи давлати азизамон дар атрофи масъалаи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия боз ҳам муттаҳид гардем. Бояд тамоми кӯшишу имконияти худро ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби бештари қишрҳои ҷомеа ва истифодаи маҷмуи воситаю усулҳои муосир дар мубориза бар зидди коррупсия равона созем.
Сулаймон СУЛТОНЗОДА,
директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тақвияти робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
«Захираҳои табиии Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷи маъдан барои садсолаҳо кофӣ мебошанд», — бардошт аз форуми байналмилалӣ
Қоҳир Расулзода: «То соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар иқтисоди миллии Тоҷикистон то ба 30 фоиз мерасад»
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. Маҳз онҳо ояндаи энергетика, саноат, металлургия, сохтмон, ҳатто амнияти иқтисодиро пешакӣ муайян менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ дар Токио иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар конгресси байналмилалӣ минералҳои фоиданоки мамлакатро муаррифӣ намуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кишти пиёзу картошка идома дорад
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид
ЯХОБМОНӢ-ЗАХИРАИ НАМӢ БАРОИ СОЛИ ОЯНДА. Ин тадбири муҳим дар Тоҷикистон аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад
НОРАСОИИ НЕРУИ БАРҚ-МУШКИЛИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ. Сабаби асосии он тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад
Ҳунарманди муҳрабоф Заррина Сайфиддинова бо маблағи гранти президентӣ маркази омӯзишӣ таъсис медиҳад






