Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳун бо ифтитоҳи Корхонаи «Шири Ҷайҳун» оғоз ёфт

Декабрь 25, 2025 09:28

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Зимни сафар дар маҷмуъ наздики 60 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони 7 иншооти дигар оғоз бахшида мешавад. Танҳо дар соҳаи маориф 18 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 13700 хонанда дар ду баст ва 10 муассисаи томактабӣ барои 1500 кӯдак мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин, 8 корхонаи саноатӣ бо наздики 600 ҷойи корӣ ифтитоҳ меёбад. Ғайр аз ин, давоми соли равон бо саҳмгузории соҳибкорон ва мардуми саховатпеша дар ҳудуди вилоят 546 километр роҳ навсозӣ гардидааст.

Боздиди кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо ифтитоҳи Корхонаи Шири Ҷайҳун оғоз ёфт.

Дар ин корхонаи нави саноатӣ, ки дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи Комбинати шири Душанбе бунёд гардидааст, истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дар заминаи дастуру ҳидоятҳои созандаи роҳбари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Наврӯз Комилов бо мақсади таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шуда, бо хатҳои муосири истеҳсолӣ таъмин гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ соли 2024 дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз гардида, дар муҳлати пешбинигардида ба анҷом расонида шуд. Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидааст.

Корхона дорои ду сардхона барои нигоҳдории маҳсулот ва воситаи нақлиёти махсус барои ба нуқтаҳои фурӯш дастрас намудани маҳсулот мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Шири Ҷайҳун 35 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ, 15 каси дигар бо ҷамъоварии шир аз аҳолӣ ва дигар корҳои ёрирасон машғуланд, дар маҷмуъ 50 кас бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Иқтидори истеҳсолии Шири Ҷайҳун дар як шабонарӯз 10 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баландро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона таҳти номи Шири Ҷайҳун дар зарфҳои гуногун асосан дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Маҳсулоти хоми корхона аз аҳолӣ дастрас мегардад ва бо ин мақсад 3 воситаи нақлиёт ҷудо гардида, дар 4 деҳоти ноҳияи Ҷайҳун нуқтаҳо барои ҷамъоварии шир ташкил карда шудааст. Маҳсулоти дастрасшуда ба корхона дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст, қабл аз коркард мавриди санҷиш қарор дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҳамин ҷо аз гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсолии корхона дидан карданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширии корхонаи нави саноатӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозори истеъмолӣ омода мегардад, муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо маҳсулоти корхона ҷиҳати равона намудани таваҷҷуҳи зиёд ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси талаботи миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.

Дар навбати худ масъулини корхона омодагии худро барои дар оянда афзун намудани шумораи чунин корхонаҳои наву замонавӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини бозори дохилӣ баён доштанд.

Ба истифода додани Корхонаи коркарди шири ҶДММ Шири Ҷайҳун 25.12.2025

Декабрь 25, 2025 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон