Сафири Тоҷикистон ба Президенти Непал эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон, ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Непал (қароргоҳ дар Деҳлии Нав) Луқмон Бобокалонзода ба Президенти Непал Рам Чандра Паудел эътимоднома супорид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Президенти Непал ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳояш комёбиҳо орзу намуд.
Рам Чандра Паудел ҷиҳати тақвияту вусъатбахшии ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои мухталиф байни ҳукумат ва мардуми ду кишвар -Тоҷикистону Непал ибрози назар намуд.
Зимни маросими супоридани эътимоднома сафир дуруду таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Непал расонид.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал 13 сентябри соли 2005 барқарор шудааст.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд






