Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳунро ба истифода доданд.
Ифтитоҳи ин иншоот дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорї ва бо мақсади таҳкими заминаҳои моддиву техникии сохторҳои ҳизбӣ амалӣ гардид.
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати амалӣ намудани ташаббуси наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки бинои пешинаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, ҳамагӣ аз 3 утоқи корӣ иборат буд ва барои фаъолияти самараноки кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам набуд. Бо назардошти афзоиши ҳаҷми фаъолият ва зарурати беҳтар намудани шароити корӣ, тасмим гирифта шуд, ки бинои нав бо талаботи муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёд гардад.
Бинои нав аз 6 ҳуҷраи корӣ, китобхона, ҳуҷраи волонтёрон ва маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст иборат буда, дар он барои қабули шаҳрвандон, баргузории чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ ва фаъолияти мунтазами ҳизбӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Зимни боздид аз бинои нав, Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки таҳкими фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ дар маҳал ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ мусоидат менамояд.









Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд






