Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Москва дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология иштирок намуд.
Дар ҷараёни конфронс ба роҳбарони ҳайатҳои расмӣ лоиҳаҳои ниҳоӣ ва коркардҳои технологӣ дар самтҳои биотехнология, ташхиси саноатӣ ва бехатарии экологӣ аз ҷониби олимони ҷавон муаррифӣ гардиданд.
Лоиҳаҳои мазкур, аз ҷумла ба эҷоди системаи тозакунии газу моеъ барои таъмини бехатарии экологӣ ва самаранокии энергия, таҳияи системаҳои автоматии ҷудокунии партовҳои радиоактивӣ, ҳифзи растаниҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, рушди инфрасохтор барои гузаронидани тадқиқоти илмии пешрафта ва густариши ҳамкории илмии байналмилалӣ равона шудаанд.
Сарвазири кишвари мо дар бораи лоиҳаҳои пешниҳодшуда ибрози назар карда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба талоши кишварҳо барои эҷоди фазои ягонаи илмӣ ва технологӣ баҳои баланд медиҳад.
— Имрӯз лоиҳаҳоеро дидем, ки амалишавиии онҳо метавонад мушкилоти воқеии кишварҳоямонро бартараф созад, — гуфт Қоҳир Расулзода.
Бояд таъкид намуд, ки мақсад аз баргузории Конфронс рушди ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои илм ва технология, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва мусоидат ба рушди оянда дар минтақаи Авруосиё мебошад.


















Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд






