Таҷрибаи ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар шаҳри Пекин таҳти унвони «Истифодаи бартариҳои хоси Ҳонконг ва Макао дар мусоидат ба ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ»» форуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо ва коршиносони маъруфи байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар форум намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуда, таҷрибаи Тоҷикистонро дар самти ислоҳоти ҳуқуқӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва рушди низоми адлия дар шароити ҳамгироии минтақавӣ баён намуданд.
Дар ҷараёни форум масъалаҳои ҳамкории ҳуқуқӣ, хизматрасониҳои адлия, омодасозии кадрҳои ҳуқуқшинос, инчунин истифодаи таҷрибаи Ҳонконг дар соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати фаъоли минтақа ба рушди ҳамкории ҳуқуқӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Истифодаи таҷрибаи пешқадами Ҳонконг ва Макао метавонад ба таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ мусоидат намояд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






