Татбиқи барномаҳои электронии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об баррасӣ шуд

Декабрь 29, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи об яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, таъмини истифодаи  самаранок ва устувори захираҳои об, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор, инчунин татбиқи барномаҳои соҳавӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешаванд. Ин нукта дар ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи об, ки зерсохтори Вазорати энергетика ва захираҳои об мебошанд, таъкид гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа ҳисоботи роҳбарони корхонаҳои дахлдор шунида шуд. Дар ҳисобот масъалаҳои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникӣ ва ҳолати молиявию иқтисодӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Ҳамзамон ба роҳбарони корхонаҳо барои ба роҳ мондани ҳисоби дақиқи истифодаи захираҳои об, ҷорӣ намудани барномаҳои электронии идоракунӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар фаъолияти соҳа дастур дода шуд.

Дар анҷоми ҷаласа вазифаҳои асосии соҳа барои соли 2026 муайян гардиданд. Масъулин барои сари вақт ва босифат иҷро намудани дастуру супоришҳо вазифадор карда шуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 29, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид