Туҳфаҳои Пешвои миллат ба хонандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан тақдим гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба 153 нафар хонандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан туҳфаҳои солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сару либос ва шириниҳо иборат буд, тақдим намуданд. Ҳамчунин барои хонандагони ин мактаб-интернат дастархони идона ороста шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 апрели соли 2005 таъкид намуданд, ки «ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон ва иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам».
Ин аст, ки шахсони эҳтиёҷманд ва ятиму танҳо ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тақдими туҳфаҳои идона ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо, тибқи дастури Пешвои миллат дар арафаи ҷашнҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Хонандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ба Пешвои миллат барои ғамхории навбатӣ ва туҳфаҳои идона изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, бо рафтору кирдори намунавӣ кӯшиш хоҳанд кард, ки пайрави Пешвои миллат буданашонро дар амал собит намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан













Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






