Вазири маориф ва илм дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иштирок намуд

Декабрь 6, 2025 10:03

ДУШАНБЕ, 06.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 5 декабри соли равон дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳамчун аъзои Шурои директорон аз ҳавзаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.

Дар кори ин ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони давлатҳои аъзо, донорон ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои калидии марбут ба рушди устувори маориф, таҳкими ҳамкории бисёрҷониба ва афзалияти стратегӣ барои давраи то соли 2030-ро баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни муҳокимаҳо ҷонибҳо таъкид намуданд, ки афзоиши сармоягузории устувор ба соҳаи маориф, беҳсозии сифати таҳсил, рушди инфрасохтори таълимӣ, истифодаи инноватсия ва таъмини дастрасии баробар ба таҳсил барои ҳамаи ҷомеа, аз ҷумла кӯдакони маъюб муҳимтарин вазифаҳои давраи наздик мебошанд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки тағйирёбии иқлим яке аз омилҳои асосии таъсиргузор ба раванди таълим, инфрасохтори мактабӣ ва имконияти дастрасӣ ба таҳсил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Иброз намуд, ки барои таҳияи барномаҳои мутобиқсозӣ, таҳкими устувории муассисаҳои маориф ва ҷалби маблағгузории устувор аз ҷониби шарикони байналмилалӣ ҳамкорӣ бо GPE аҳаммияти хосса дорад.

Вазири маориф ва илм хотирнишон кард, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо GPE якчанд лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла ислоҳоти барномаҳои таълимӣ, таҳкими касбияти омӯзгорон, беҳсозии инфрасохтори таълимӣ ва густариши барномаҳои фарогирӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдудро амалӣ кардааст. Ба таъкиди вазир, тақвияти муносибатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо GPE метавонад дар рушди инноватсия, рақамигардонӣ, боло бурдани сифати таълим ва татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф нақши муассир гузорад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2025 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?