Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон менамояд

Декабрь 20, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, довталабон ба кор ба мансабҳои холии котиби сеюми раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ, атташеи раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ, котиби сеюми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ, котиби сеюми бахши иттилооти махсуси раёсати кадрҳо, атташеи раёсати корҳо, котиби сеюми раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрико, котиби сеюми раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, котиби сеюми шуъбаи комиссияи миллии ЮНЕСКО, атташеи  шуъбаи комиссияи миллии ЮНЕСКО  даъват карда мешаванд.

Дар озмун танҳо довталабоне иштирок карда метавонанд, ки дорои собиқаи хизмати давлатии на кам аз 2 сол ва ё собиқаи умумии меҳнатии на кам аз 3 сол бошанд. Ба мутахассисони соҳаҳои таъриху фарҳанг ва бостоншинос, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ мебошанд, афзалият дода мешавад.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро то 18 январи соли 2026 ба вазорат равон намоянд.

Маълумоти муфассалро метавон дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намуд.

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-15-61, 221-15-16, 227-54-56

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 20, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд