Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, довталабон ба кор ба мансабҳои холии котиби сеюми раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ, атташеи раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ, котиби сеюми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ, котиби сеюми бахши иттилооти махсуси раёсати кадрҳо, атташеи раёсати корҳо, котиби сеюми раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрико, котиби сеюми раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, котиби сеюми шуъбаи комиссияи миллии ЮНЕСКО, атташеи шуъбаи комиссияи миллии ЮНЕСКО даъват карда мешаванд.
Дар озмун танҳо довталабоне иштирок карда метавонанд, ки дорои собиқаи хизмати давлатии на кам аз 2 сол ва ё собиқаи умумии меҳнатии на кам аз 3 сол бошанд. Ба мутахассисони соҳаҳои таъриху фарҳанг ва бостоншинос, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ мебошанд, афзалият дода мешавад.
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро то 18 январи соли 2026 ба вазорат равон намоянд.
Маълумоти муфассалро метавон дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намуд.
Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-15-61, 221-15-16, 227-54-56
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






