Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад

Декабрь 25, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» якчанд  имтиёзи андозӣ ва ҳавасмандкунӣ пешбинӣ карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ барои истеҳсоли панелҳои офтобӣ ва таҳвилӣ панелҳои офтобии истеҳсоли худӣ дар дохили ҷумҳурӣ воридот ва таҳвили минбаъдаи таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ (панелҳои офтобӣ бо назардошти табдилдиҳандаи ҷараён (инвентор) ва дастгоҳҳои захиракунандаи ҷараён), қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии он то 1 январи соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Инчунин тибқи ин қонун масоҳати объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ насб гардидаанд (бо қувваи номиналии 0,1 МВт ва зиёда аз он), ба муҳлати 5 сол аз санаи ба кор андохтани он бо андоз аз объектҳои ғайриманқул андозбандӣ карда намешаванд.

Дар баробари ин, бо мақсади зиёд намудани иқтидори энергетикии мамлакат ва рушди иқтисоди “сабз” дар Тоҷикистон тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 353 Кодекси андоз заминҳое, ки дар онҳо таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ (бо иқтидори номиналии 0,1 МВт ва зиёда аз он) насб шудаанд, ба муҳлати 5 сол аз санаи ба кор андохтани онҳо аз пардохти андози замин озод карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 12 декабр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карда шуд, ки он 15 декабр дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ҷонибдорӣ гардид.

Бояд гуфт, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 ноябри соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дастур доданд, ки мавзуи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг намудани онҳо бо шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ омӯхта шавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб карда шавад.

АКС аз манбаҳои боз

Декабрь 25, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд