«Захираҳои табиии Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷи маъдан барои садсолаҳо кофӣ мебошанд», — бардошт аз форуми байналмилалӣ

Декабрь 9, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар форум Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Қоҳир Расулзода зимни форум иброз дошт, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ, махсусан манбаъҳои энергияи «сабз» ва захираҳои маъданӣ мебошад, ки барои гузариш ба иқтисоди «сабз» муҳиманд ва метавонанд дар рушди устувори минтақавӣ саҳми арзанда гузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол карда мешавад. «Мо ҳадаф дорем, ки то соли 2032 пурра ба истеҳсоли неруи барқи «сабз» гузарем»,-баён намуд Қоҳир Расулзода.

Дар ин замина лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, ки бо истифода аз технологияҳои муосир амалӣ карда шуда, ба рушди иқтисоди «сабз» равона гардидаанд, муҳимияти хосса пайдо кардаанд.

Иброз гардид, ки нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзоиш ёфта, рушди солонаи саноат дар ҳамин давра ба ҳисоби миёна 20 фоизро ташкил медиҳад.

Имрӯз саноати Тоҷикистон бештар аз 90 намуди истеҳсолотро дар бар гирифта, беш аз 140 номгӯй маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад. Дар баробари ин металлҳои қиматбаҳо ва ранга зиёда аз 40 фоизи соҳаи саноати мамлакатро ташкил медиҳанд, ки самти асосии рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб мераванд.

Таъкид шуд, ки форум барои тавсеаи ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ дар минтақаҳо заминаи устувор фароҳам меорад.

Тазаккур дода шуд, ки рушди иқтисоди «сабз», ҷорӣ гардидани технологияҳои рақамӣ, робототехника, тиҷорати электронӣ ва дигар инноватсияҳо, талабот ба захираҳои стратегӣ ва минералҳои муҳим дар соҳаи кӯҳкорӣ босуръат афзоиш меёбад.

Мутобиқи маълумоти байналмилалӣ, то соли 2040 шумораи автомобилҳои электрикӣ метавонад ба 40 миллион расад, ки дар ин шароит талабот ба литий то 2,5 миллион тонна боло меравад. Истифодаи алюминий ва захираҳои литийи Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалӣ имконияти нав фароҳам меорад.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир изҳор дошт, ки захираҳои табиӣ ва имконоти бузурги Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷи маъданҳо дорои пойгоҳи моддии мустаҳкам мебошанд. Ҳаҷми онҳо барои рушди ҷаҳонии соҳа давоми садсолаҳо кофӣ мебошад.

«Имрӯз Тоҷикистон бо захираҳои минералии худ бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун минтақаи стратегии муҳим қабул гардад. Давлати мо бо ҷалби маблағгузорӣ ва технологияҳои муосир метавонад металлҳо ва минералҳои ҳаётан муҳимро мувофиқи талаботи ҷаҳонӣ ба бозори байналмилалӣ пешниҳод намояд»,–гуфт Шералӣ Кабир.

Ёдовар мешавем, ки форум бо мақсади муаррифии иқтидори захираҳои маъдании Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, намоиши доираи васеи захираҳои мавҷуда, аз ҷумла металлҳои ранга, маъданҳои муҳим ва муайян кардани лоиҳаҳо ва имконоти умедбахши сармоягузорӣ доир гардида, дар кори он ҳайати роҳбарии вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармоягузорон, молистеҳсолкунандагон, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони муассисаҳои молиявӣ ва ширкатҳои пешбари соҳаи маъдани кӯҳӣ иштирок менамоянд.

Дар доираи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мубоҳисавӣ, маърузаҳои коршиносон, вохӯриҳои B2B ва машваратҳо оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак баргузор шуданд.

Форум ба муколамаи мустақим байни намояндагони тиҷорат, сармоягузорон ва мақомоти давлатӣ мусоидат намуда, ба корҳои омодагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи маъдан суръат мебахшад.

Форум барои намояндагони бахши давлатӣ, тиҷорати хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ ҳамчун платформаи калидӣ ба муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди саноати кӯҳкории мамлакат мусоидат менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 9, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«IT HUB DUSHANBE». Бо бунёди ин маҷмаа Душанбе ба шаҳри интелектуалӣ, рақамӣ ва инноватсионии Осиёи Марказӣ табдил меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисориро ошкор намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
Аз Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 4298 тонна ангур содирот шудааст
Дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Маркази ҳифзи маълумот таъсис дода шуд
Дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори СММ мавқеи Тоҷикистон оид ба рушди устувор муаррифӣ шуд
Дар Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад
Дар шаҳри Сиани Чин ҳамоиши соҳибкорони вилояти Суғд ва музофоти Шэнсӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
Аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 40 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст
Дар ноҳияи Шуғнон беш аз 720 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад