1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
ДУШАНБЕ, 11.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 қабули қатънома аз ҷониби ЮНЕСКО дар мавриди бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели равшани ҷойгоҳи хоси мероси маънавию фарҳангии тоҷикон дар тамаддуни башарӣ арзёбӣ карда шуд.
АМИТ «Ховар» бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ андешаҳои узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон пешкаши хонандагон мегардонад.
— Воқеан, талошу заҳматҳои Давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор ва ба ин васила пайванд додани гузашта бо имрӯзи миллат беш аз пеш самараи дилхоҳ ба бор меоранд. Бахусус, қабул шудани қатъномаи ЮНЕСКО оид ба таҷлили 1050-солагии нахустин шоираи забардаст ва соҳибдевони тоҷик Робиаи Балхӣ дар сатҳи байналмилалӣ давоми солҳои 2026-2027 намунаи олӣ ва натиҷаи равшани чунин талошу заҳматҳост.
Воқеан, Робиа- духтари Каъби Қуздории Балхӣ (асри X) аз нахустин занони сухансарои забардаст ва соҳибдевони тоҷик дар аҳди давлатдории силсилаи некноми Сомониён аст, ки ба забони модарии мо шеърҳои ширину дилрас сурудааст.
Шоир ва орифи машҳур Фаридиддини Аттор (1145-1221) дар маснавии «Илоҳинома» аз мулоқоту мушоира анҷом додани Робиа бо устод Рӯдакӣ ва аз тарафи устод Рӯдакӣ мавриди ситоиш қарор гирифтани сурудаҳои вай ёдовар шудааст. Робиа ба сабки баён ва вазни шеър ба забони модарии мо навовариҳо ворид карда, ба андешаи адиби маъруф Шамси Қайси Розӣ (асри XIII), дар «Ал-Муъҷам» баҳри хосеро ба баҳрҳои шеъри порсӣ илова кардааст. Ба ҳамин хотир, ҳамчунин дар робита ба он, ки вай нахустин шоираи соҳибдевон ба забони модарии мост, баъзе муҳаққиқон дар қиёс бо устод Рӯдакӣ – падари шеъри порсӣ Робиаро модари шеъри порсӣ ном бурдаанд.
Забони баёни шеърҳои Робиа ширину равон ва аз тасвирҳои зебову дилнишин саршор аст:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.
Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт?!
Дар сурудаҳои Робиа ишқу муҳаббати поки инсони ҷойгоҳи муҳим дорад. Ҳамин аст, ки то ба имрӯз ин сурудаҳо вирди забони алоқамандони шеъру адаб қарор гирифтаанд:
Ишқ дарёи каноранопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд?
Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Пас, бибояд сохт бо ҳар нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.
Як хусусияти муҳим ва қобили мулоҳизаи сурудаҳои Робиаи Балхӣ шеваи баёни одӣ ва «тоҷикона»-и онҳост. Масалан, дар мисраи зер калимаи «раҳмат» ба маънии изҳори сипосу ташаккур ба кор рафтааст, ки дар байни мардуми одии мо ба ҳамин маъно то ба имрӯз истифода мешавад:
Фишонд аз савсану гул ёсуман бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод.
Ё дар қитъаи зер калимаву ибораҳои маъмули «кошк» (кошки), «тан», «дил», «саломат», «хабари дил», «хабари тан»… корбаст шудаанд, ки имрӯз ҳам маъмулу машҳуранд:
Кошк танам боз ёфтӣ хабари дил,
Кошк дилам боз ёфтӣ хабари тан.
Кошк ман аз ту бирастаме ба саломат
Ой, фусусо, куҷо тавонам растан?!
Робиа ба забони тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ шеър суруда, ба ҳар ду забон девон доштааст. Мутаассифона, бар асари нобасомонӣ ва ҳаводиси рӯзгор аз сурудаҳои зиёди ӯ то замони мо миқдори кам боқӣ мондааст.
Дар робита ба рӯзгору ашъори Робиаи Балхӣ дар куҳантарин тазкира – «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ иттилоъ мавҷуд аст, вале Фаридидини Аттор дар «Илоҳинома» дар бораи зиндагию осору ӯ тавзеҳи бештар овардааст, ҳарчанд тавзеҳи рӯзгори шоира муболиғаомез ба мушоҳида мерасад. Ҳамчунин оид ба далерию ҷасорат, ишқу муҳаббат ва озодманишию озодандешии Робиа, ки оқибат ба ҳалокати фоҷеабораш сабаб гардид, дар китобҳои пешиниён ва ривоятҳои мардумӣ иттилои фаровон мавҷуд аст.
Дар ҷилди якуми китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат» (2016) ҳангоми ёдкарди шоирони рӯзгори Сомониён аз Робиаи Балхӣ ҳам сухан рафта, ба сифати далели ҷилваи хаёл ва отифаҳои латифаш як ғазали ӯ намуна оварда шудааст.
Дар марҳилаи омодагӣ ба таҷлили бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки бо ҷалби муҳаққиқону андешамандони ватанию хориҷӣ рӯзгору осори ин сухансарои забардаст ва таъсири он ба рушди шеъру адаб, бахусус ба шахсият ва сурудаҳои бонувони забардасти сухансаро (аз Робиа то ба Парвину Фурӯғу Симин ва Гулрухсору Фарзона) мавриди омӯзишу пажӯҳиши густарда қарор дода шавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст
Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид






