26 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд

Январь 23, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Вазорати фарҳанг нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор карда мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи телевизион ва радио соати 09:00 доир мегардад.

Дар Агентии хизмати давлатӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ  соати 11:00 доир мегардад.

Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 баргузор карда мешавад.

Нишастҳои матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва дар Донишгоҳи техникӣ соати  08:00 доир мегарданд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Январь 23, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд