35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд

Январь 23, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар шаҳри Гулистон корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд.

Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо ҳашари дастҷамъонаи сокинон бинои бунгоҳи тиббӣ таъмиру навсозӣ мешавад. Бино қаблан якошёна буда, дорои се ҳуҷраи корӣ буд. Дар айни замон сокинон қабати дуюмро бо панҷ ҳуҷраи иловагӣ бунёд доранд. Ин амал ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва расонидани кумаки аввалини саривақтӣ мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бунгоҳи тиббӣ як табиби тибби оилавӣ, се ҳамшираи шафқат ва як корманди хоҷагидор ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Бо бунёди ҳуҷраҳои нави корӣ фаъолияти ҳуҷраи дандонпизишкӣ, хатна, физиотерапия ва тибби атфол ба роҳ монда шуда, шумораи умумии ҳуҷраҳои корӣ ба 10 адад мерасад.

Ҳамчунин дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон сохтмони майдончаи варзишӣ барои футбол, волейбол ва баскетбол идома дорад. Майдонча бо ташаббуси соҳибкорон бунёд шуда, корҳои асосӣ дар он ба анҷом расидаанд. Бунёди чунин иншоот ба ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва дур нигоҳ доштани онҳо аз амалҳои номатлуб мусоидат менамояд.

Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» лоиҳаи нави корхонаи саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Зимни муаррифии лоиҳа гуфта шуд, ки таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудаанд. Дар марҳилаи кунунӣ барои сохтмони ин иншооти саноатӣ 369 нафар ба кор ҷалб гардидаанд ва корҳои асосии сохтмониро мутахассисони ватанию хориҷӣ анҷом медиҳанд.

Баъди ба истифода додани корхонаи муштарак зиёда аз 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Дар назар аст, ки «Комбинати металлургии Адрасмон» то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шавад.

Баъди ба фаъолият оғоз намудани «Комбинати металлургии Адрасмон» ашёи хоми саноатӣ дар ҳамин ҷо то марҳилаи ниҳоӣ коркард ва маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Коркарди ниҳоии металлҳои ранга имкон медиҳад, ки дар корхона маҳсулоти рақобатпазири ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда шавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Январь 23, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд