35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад

Январь 18, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар ноҳияи Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба пешвози ҷашни фархундаи миллӣ  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷалби муассисаю ташкилотҳо ва иштироки фаъолонаи сокинони ноҳияи Шаҳристон  як қатор тадбирҳои муҳими ободонӣ амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, кӯчаву хиёбонҳо тозаю озода карда шуда, дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида, гулгаштҳо ва майдончаҳои истироҳатӣ навсозӣ мешаванд. Ҳамзамон, таъмиру таҷдиди роҳҳо, рангубори биноҳо, тозакунии ҷӯйбору заҳбурҳо ва беҳсозии инфрасохтори иҷтимоӣ ба роҳ монда шудааст. Ин ҳама тадбирҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани муҳити солим ва зебову дилписанд гардондани симои ноҳия равона гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки  дар ноҳия Маркази логистикӣ бунёд мешавад, ки барои нигоҳдорӣ, коркард ва интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба дигар минтақаҳои мамлакат шароити мусоид фароҳам  меорад.

Тибқи иттилои  масъулин,  сардхона барои нигоҳдории то 100 тонна маҳсулот пешбинӣ гардида, бо фаъол гардидани он кори деҳқонон боз ҳам осон хоҳад шуд. Дар айни замон  дар ноҳия 7 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ ва беш аз 9 ҳазор тонна картошкаи истеъмолӣ дар сардхонаҳо ва анборҳо нигоҳдорӣ мешавад.

Сокинони ноҳияи Шаҳристон дастовардҳои худро самараи Истиқлоли давлатӣ дониста, ҷиҳати ноил шудан ба нишондиҳандаҳои боз ҳам баланд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок  мебаранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 18, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд