Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид

Январь 23, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба 1 миллиарду 692 миллиону 309 ҳазор сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   104,1 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ҳафтаномаи «Машъал» хабар медиҳад.

Тавре аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд, дар ин давра дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулоти асосии кишоварзӣ ба роҳ монда шуд. Дар маҷмуъ 27 ҳазору 589,5 тонна пахта, 11 ҳазору 459 тонна ғалладонагӣ, 2 ҳазору 987,1 тонна картошка, 26 ҳазору 173,5 тонна сабзавот, 74 ҳазору 579 тонна маҳсулоти полезӣ, 8 ҳазору 313,5 тонна мева, 510,9 тонна ангур ва 124 ҳазору 410 тонна воҳиди хӯрокӣ аз зироати хӯроки чорво истеҳсол гардидааст.

Ба иттилои масъулин, дар аксари самтҳо нишондиҳандаҳо аз 100 фоиз гузашта, дар баъзе намудҳои маҳсулот то чоруним баробар афзоиш ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамзамон тибқи маълумоти Раёсати кишоварзӣ, соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ кишти зироат дар майдони умумии 21 ҳазору 791,4 гектар анҷом дода шудааст. Аз ин ҳисоб 2 ҳазору 193 гектар ба ғалладонагиҳо, 10 ҳазору 160 гектар ба пахта, 931 гектар ба зироати равғандор, 270,2 гектар ба картошка, 477,6 гектар ба сабзавот, 969,1 гектар ба полезӣ ва 6 ҳазору 789,8 гектар ба зироати хӯроки чорво рост меояд.

Масъулини соҳа афзоиши ҳаҷми маҳсолотро натиҷаи истифодаи самараноки замин, риояи агротехника, беҳтар гардидани таъминоти обёрӣ, ҳамчунин заҳмати пайвастаи деҳқонону хоҷагидорон арзёбӣ мекунанд.

АКС: Ҳафтаномаи «Машъал»

Январь 23, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд