Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самти ҳифз, рақамисозӣ ва таблиғи бойгониҳои синамоӣ зимни вохӯрии директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва намояндаи Институти миллии аудиовизуалии Фаронса (INA) баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ имконоти ба роҳ мондани барномаҳои муштарак, табодули таҷриба, омӯзиши мутахассисон ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи бойгонӣ ва паҳнкунии маводи аудиовизуалӣ низ баррасӣ гардид.
Ҳамчунин масъалаи муаррифии филмҳои тоҷикӣ дар ҷашнвораҳо, намоишгоҳҳо ва бозорҳои байналмилалии кино мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи кино ба болоравии нуфузи синамои тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуда, барои ҷалби аудиторияи васеъ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ замина фароҳам меорад.
Ҷонибҳо барои рушди ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуда, таъкид доштанд, ки идомаи муколама ва таҳияи нақшаҳои мушаххаси ҳамкорӣ метавонад ба ҳифз ва рушди мероси синамоии Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшад.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






