Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад

Январь 17, 2026 10:17

ДУШАНБЕ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ, инчунин таҳкими робитаҳо дар бахшҳои илму маориф зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баррасӣ гардид.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши минбаъдаи робитаҳо дар заминаи манфиатҳои муштарак баён доштанд.

Ҷонибҳо инчунин зарурати фаъолгардонии механизмҳои амалии ҳамкорӣ, аз ҷумла гурӯҳи кории муштарак оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт, инчунин суръатбахшии раванди ниҳоии баррасии Созишнома оид ба савдои имтиёзнок байни ду давлатро муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳор доштанд, ки татбиқи амалии тавофуқоти бадастомада метавонад ба рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон такони ҷиддӣ бахшад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 17, 2026 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад