«БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2028». Ва ё чӣ қадар роҳҳои маҳаллӣ таъмир гардиданд?
ДУШАНБЕ, 31.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар мамлакат «Барномаи рушди роҳҳои ободи деҳот барои солҳои 2023-2028» татбиқ мегардад, ки он аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Ин барнома аз ҳисоби 5 манбаи маблағгузорӣ амалӣ карда мешавад: 1) маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои Вазорати нақлиёт пешбинӣ шудаанд, 2) лоиҳаҳои сармоягузорӣ, 3) буҷети мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 4) соҳибкорони ватанӣ ва 5-ум тавассути кумаки мутақобилаи сокинони маҳаллӣ (бо усули ҳашар). Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои масъулин, тайи се соли охир дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми наҷиб дар мамлакат бомаром идома дорад.
Дар доираи «Барномаи рушди роҳҳои ободи деҳот барои солҳои 2023-2028» бо дастгирии Вазорати нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорону фаъолон дар маркази шаҳри Турсунзода 4,5 километр роҳи мошингард мумфарш карда шуд. Ҳамчунин роҳҳои деҳаҳои Зиёраттут, Сангқалъа, Чиртак ва Истиқлол-1-и деҳоти Навобод ба масофаи 8,1 километр бо истифода аз масолеҳи босифат асфалтпӯш карда шуданд. Инчунин дар деҳоти Работ 8,8 километр, Турсун Тӯйчиев — 4,8, Ҷӯра Раҳмонов- 6 ва дар Қаратоғ 4,6 километр роҳ мумфаршу бетонпӯш карда шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи татбиқи ин барнома дар шаҳру ноҳияҳои Исфара — 175,7 километр, Панҷакент 43,0 километр, Истаравшан — 53,2 километр, Ашт — 222, 3 километр, Ҷаббор Расулов — 66,7 километр, Конибодом — 47,0 километр, Деваштиҷ — 45,1 километр, Бобоҷон Ғафуров -41,4 километр , Ёвон- 65,7 километр, Қубодиён- 48,6 километр, Ваҳдат — 34,4 километр, Нуробод — 31,0 километр, Рашт-23,0 километр, Кӯшониён- 28,4 километр, Леваканд -27,9 километр, Вахш — 27,7 километр, Данғара – 22,1 километр ва Муъминобод – 21,3 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардиданд. Ҳамчунин дар доираи ин барнома чандин километр роҳҳои маҳаллии як зумра шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмир ва шағалпӯш карда шуданд.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 иброз доштанд: «солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, танҳо дар соли 2024-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду навсозии 23 пул ба анҷом расидааст».
Татбиқи «Барномаи рушди роҳҳои ободи деҳот барои солҳои 2023-2028» дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон идома дорад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






